Гулгашти ба номи академикҳо Раҷабовҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Гулгашти ба номи академикҳо Раҷабовҳо - дар ноҳияи Шоҳмансури ш. Душанбе, дар маркази пойтахт дар байни майдонҳои ба номи «800 солагии Москва» ва «Ғалаба» воқеъ аст.

Гулгашт дар ибтидо ҳамчун гулгашти фароғат ва истироҳати сокинони шаҳр соли 1958 (аритектор Б.А. Александров) бунёд ёфтааст. Гулгашт аввал дорои гулгаштҳои васеъ, ҳайкалчаҳои зебо, гулдонҳо, фаворачаҳо барои нӯшидани об, намудҳои гуногуни дарахту гулбуни гулшани назокат бунёд шуда буд. Гулгашти асосӣ майдонҳои ба номи «800 солагии Москва» ва «Ғалаба» пайваста аз он манзараи боназокати театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намуддор буд. Дар гулгашт аз ду чониби он аввалин биноҳои бисёрошёнаи солҳои 1930-1950 шаҳр сохта шуда буданд. Акнун, баъд аз васеъ шудани роҳи автомобилгард ва пайдо шудани якчанд бинову истгоҳҳои автомобилгузорӣ ва диг., манзараи гулгашт коҳиш ёфтааст.

Пайвандҳои беруна[вироиш]

Манобеъ[вироиш]

Салия Мамаджанова, Рустам Мукимов. Архитектура и градостроительство Душанбе (история, теория и практика). – Душанбе, 2008, с. 286