Гулзор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гулзор, гулистон, гулшан, гулбоғ — ҷойи рӯидан ва парвариш ёфтани гулҳо.

Гулзорро аз бутта ва дарахтони реза низ бунёд мекунанд. Гулзор барои ороиши кӯчаву хиёбонҳо, биноҳои истеҳсолию истиқоматӣ, боғу чорбоғ ва истироҳатгоҳҳо муҳим аст. Дар гулзор ва гулгаштҳо, маъмулан, гулҳои зебои гуногун шинонда парвариш мекунанд. Гулҳоро тавре интихоб кардан лозим аст, ки зебо бошанд ва бо таровату накҳати худ ба ҳусни маҳал ҳусни нав зам кунанд. Бисёр вақтҳо дар атрофи гулзор сабзамайдон низ бунёд мешавад. Алафи сабзамайдонро дар мавридҳои зарурат бо мошини махсус паст дарав мекунанд. Дар гулзор рустаниҳои давраи гулшукуфташон гуногун ҷой дода мешаванд, зеро баъди аз гул фуромадани як рустанӣ гули рустании дигар мешукуфад ва ба ҳамин минвол гулбоғ муддатҳо зебову ботароват боқӣ мемонад. Дар бунёди гулзор аз нақшҳои ҳандасӣ низ истифода мекунанд, яъне, он дар шакли доира, секунҷа, мураббаъ, дарозрӯя сохта мешавад. Бисёр вақтҳо гулзорро бо харсанг ё ҳайкалчаҳо оро медиҳанд, ба роҳрави атрофи он рег пошида хараку нишастгоҳҳо месозанд. Баъзе гулзорҳо фаввора ва ҳавз низ доранд. Дар ҳавзҳо гулҳои обӣ ҷой дода мешаванд. Дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон гулзорро, асосан, аз навъҳои гуногуни садбарг, ёсуман, гули ёқут, гули қашқарӣ, гули одамрӯ, лола, бобуна, мехчагул, гули беор, гули кавкаб, гули марворид ва ғайра бунёд мекунанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 1500 самых удивительных цветов. М., 2008.