Гулзор (деҳа, н. Ховалинг)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Гулзор
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Ховалинг
Таърих ва ҷуғрофиё
Номҳои пешина Мунк, Хонақо
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1502 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3317

Гулзор (собиқ Хонақо) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг. Аз Гулзор то маркази ҷамоат 1 км, то маркази ноҳия 2 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1502 нафар (2017), тоҷикон.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, масҷиди панҷвақта, бунгоҳи тиббӣ, 4 маркази савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: кишоварзӣ ва чорводорӣ. Дар ҳудуди деҳа 50 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият мекунанд. Заминҳо аз дарёи Оби Мазор ва дарёчаи Қалбак обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 30 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Деҳаи Гулзор яке аз деҳаҳои қадимтарини Кӯлобзамин ба ҳисоб меравад. Аз ҳафриётҳои бостоншиносон маълум гардид, ки маскун шудани одамон дар ин ҷо ба асри санг рост меояд (неолит). Дар таҳҷои ҳозираи деҳа шаҳри Мунк ҷойгир будааст, ки имрӯз ба куллӣ хароб гашта, зери хок мондааст. Доир ба ин шаҳр дар китобҳои таърихӣ ва таърихномаҳо қайдҳои зиёд мавҷуд аст. Таҳҷои шаҳри Мунки бостонӣ бо боқимондаҳояш, чашмасорони зиёд ва дигар ёдгориҳои таърихиро дар бар мегирад. Дар садаи XIX шаҳри Мунк қароргоҳи ҳокими Хатлон будааст. Бунёди шаҳрро ба асрҳои 5—8 мансуб медонанд, вале пеш аз ин ҳам мувофиқи гуфтаи муаллфи «Садди Хатлон» шаҳр ҳамчун истеҳкоми ҳарбии шӯришгарони тоҷик бар зидди истилогарони юнону мақдунӣ будааст. Дар замони истилои аъроб дар Хатлон 7 шаҳр вуҷуд дошт, ки яке аз калонтаринҳояш Мунк маҳсуб мешуд. Дар садаи XIII шаҳр аз тарафи муғулон хароб гардида, дар замони ҳукмронии хони Муғул Қозонхон шаҳри Мунк қароргоҳи тобистонаи ӯ буд. Бузургтарин шаҳри Хутталон дар замони Сомониён Мунк буд. Ин шаҳр дар масофаи дурӯза роҳ аз Ҳулбук дар марз бо Карон воқеъ буда, нуқтаи марзии мусулмонҳо дар шарқ буд. Ба қавли Ибни Ҳавқал Мунк шаҳри бузург набуд, аммо рустоқи фарох дошт. Он шаҳри бисёр зебо ва сарсабз буд, ки сокинонаш ғаюр ва ҷангозмуда буданд.

Дар деҳа чашмае бо номи «чашмаи тилоӣ» мавҷуд аст, ки булураш аз тило будааст. Онро яке аз археологони Шӯравӣ ба аз шинос шудан ба маъхазҳои таърихӣ ва муайян кардани макони ҷойгршавиаш канда мебарад. Муаллифи «Таърихи Ҳумоюн» Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшанӣ менависад:

« Қазои сеюм аз вилояти Хатлон ва қазои вилояти Ховалинг аст. Ин дар тарсеи ҳукумати сеюми иёлати Хатлон аст, чаро ки бисёр касиру-л-арозӣ ва касиру-н-нуфус аст… Аҳолии ин ҷо назар ба даҳоқини тавобеоти Балҷувон аҳли сарвати изофианд. Аҳолии ин қазо тамоман тоҷиканд, душизагони ин вилоят (Мунк) машҳуранд ба ҳусну ҷамол. Бо вуҷуди ин ҳама авсоф падару модари онҳо ба муқобили маҳри андак бар кас медиҳанд (духтаронашонро). Сайду шикори вуҳуш кааннаҳу ба аҳолии ин ҷо касбу пеша аст… ва аксар сайёданд. Аз камоли ҷасорат баъзеи онҳо хирсро ба ханҷар низ сайд менамуданд. Дар замон худсарии Хатлон ин ҷо низ як қурғон ва ҳукумат маҳсуб будааст. Масофаи ин вилоят то Ҳисор 20 фарсах ҳаст ва масофаи он то Бухорои Шариф 76 фарсах аст[1]. »

Шахсиятҳои маъруф[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба зумраи фарзандони фарзона ва номвари деҳа метавон ном бурд: шайх ва пири тариқат Амир Сайид Шафеъ Мункӣ, шоир Саидалӣ Вализода, шоири халқӣ Қодир Достӣ, генерал-лейтенант Саиданвар Камолов ва дигарон. Номзади илмҳои ҳуқуқ Наврӯз Табаров, номзади илмҳои педагогӣ Аҳлиддин Саидмуминов ва номзади илмҳои ҳуқуқ Далер Қодиров дар ҳамин деҳа ба дунё омадаанд.

Иштирокдорони ҶБВ[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз деҳаи Гулзор дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ инҳо иштирок ва корнамоӣ кардаанд.

  • Маҳмадалиев Муродалӣ
  • Раҳимов Ҳусайн
  • Қурбонов Иброн
  • Одинаев Сабур
  • Сироҷов Абдулло
  • Муродов Маҳмадалӣ
  • Табаров Мирзо

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшанӣ. Таърихи Ҳумоюн — Д.: Пайванд, 2006. — С. 146 — 168 с.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]