Гули Зиндон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Гулизиндон)
Деҳа
Гули Зиндон
Кишвар Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Данғара
Ҷамоат Деҳоти Оқсу
Забони расмӣ тоҷикӣ
Аҳолӣ 187 нафар (2017)
Ҳайати миллӣ тоҷикон
Ҳайати динӣ мусулмонони ҳанафимазҳаб
Коди телефон +992 3312
Нишонаи почта 735140
Коди мошин TJ03

Гули Зиндон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара. Аз Гули Зиндон то маркази ҷамоат 35 км, то маркази ноҳия маркази ноҳия 62 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 187 нафар (2017), тоҷикон.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Деҳа бунгоҳи тиббӣ, мактаби таҳсилоти миёнаи ибтидоӣ, осиёб дорад. Талабагон таҳсилро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Талхоб идома медиҳанд. Соҳаи асосии хоҷагӣ ‒ чорводорӣ. Заминҳо ‒ лалмӣ. Дар ҳудуди Гули Зиндон 2 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]