Jump to content

Гулистон (деҳа, н. Восеъ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Гулистон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Восеъ
Ҷамоат Деҳоти Гулистон
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 6676 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3311
Нишонаи почта 735140
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Гулистондеҳа дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ. Аз Гулистон то маркази ҷамоат 6 км, то маркази ноҳия 16 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 6676 нафар (2017), тоҷикон.

Гулистон мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, дорухона, маркази саломатӣ, 20 нуқтаи савдои хусусӣ, масҷиди ҷомеъ, се масҷиди панҷвақта, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, китобхона, клуб ва бозор дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, сабзавоткорӣ, чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз дарёи Панҷ обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулистон 60 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуданд.

Аксарияти аҳолиаш солҳои 50 асри 20 аз ноҳияи Ховалинг кӯчидаанд.

Шахсиятҳои маъруф

[вироиш | вироиши манбаъ]

Депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Ҳурбӣ Алиаҳмадова дар ҳамин деҳа таваллуд шудааст.