Гулистон (деҳа, н. Левакант)
Намуди зоҳирӣ
| Деҳа | |
Гулистон | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Вилояти Хатлон |
| Ноҳия | ноҳияи Левакант |
| Ҷамоат | Деҳоти Гулистон |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 2649 тан (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Пешшумораи телефон | +992 3250 |
Гулистон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Левакант. Аз Гулистон то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 3 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2649 нафар (2017), тоҷикон.
Гулистон соли 1960 ташкил шуда, аҳолиаш аз деҳаи Ботурободи ҳамин минтақа кӯчидаанд.
Ицтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта, 5 нуқтаи савдои хусусӣ, заводи хиштбарорӣ, пойгоҳи обкашии барқӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёи Вахш обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулистон 14 хоҷагии хурди деҳқонӣ ва хоҷагии деҳқонии «Муҳаммадҷон» мавҷуд аст.
Шахсиятщои маъруф
[вироиш | вироиши манбаъ]Шоир Ҳаитбой Лоиқов дар ҳамин деҳа зода шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулистон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2