Гулистон (деҳа, н. Темурмалик)
Намуди зоҳир
| Деҳа | |
Гулистон | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Хатлон |
| Ноҳия | Темурмалик |
| Ҷамоат | Деҳоти Чилчаҳ |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 115 тан (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Шиносаҳои ададӣ | |
| Пешшумораи телефон | +992 3314 |
| Нишонаи почта | 735340 |
Гулистон (собиқ Гулбулоқ, то 11.12.2012) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Чилчаҳи ноҳияи Темурмалик. Аз Гулистон то маркази ҷамоат 10 км, то маркази ноҳия 28 км, то маркази вилоят 110 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 115 нафар (2017), тоҷикон.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии асосии деҳаи Яккасада ва мактаб-интернати Кангурт таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо лалмӣ.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Гулистон соли 1930 таъсис ёфтааст. Аҳолиаш аз ноҳияҳои Балҷувон ва Ховалинг кӯчида, бо сарварии раиси колхоз А. Забиров деҳаро обод кардаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулистон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2