Jump to content

Гули камола

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гули камола
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Camellia L., 1753
Мутародифот
Номенклатурный тип

Гули камола,камола, каме́лия (лот. Camellia) — бутта ё дарахтест ҳамешасабз.

Таърихи парвариш

[вироиш | вироиши манбаъ]

Маълумоти нахустини хаттӣ оид ба парвариши гули камола мансуб ба асри 1 мебошанд. Он замон ҳокими музофоти ҷазираи Кюсю сарвари дастаҳои ҷинояткоронро бо калтаке, ки аз чӯби камола сохта шуда буд, ҷазо додааст. Имрӯз низ ҳамон қисми ҷазираро Субаки меноманд, ки дар забони ҷопонӣ маънои камоларо дорад. Гули камола солҳои тӯлонӣ рамзи илоҳаи офтоб Аматэрасу буд. Баъди дар Ҷопон манъ кардани масеҳият вай барои япониҳои католик, ки ҳуқуқи салиб гирифта гаштан надоштанд, рамзи Исои Масеҳ маҳсуб мешуд. Калисои католикии Нагасаки то имрӯз бо нақшҳои гули камола оро дода шудааст. Асри 15 дар Ҷопон нисбат ба парвариши гули камола баъзе фикру ақидаҳои нодуруст ба вуҷуд омаданд. Мувофиқи яке аз онҳо агар самурай ба гули камола даст расонад, гӯё сараш аз тан ҷудо мешудааст. Сабаби ин мисли сари бурида якбора ба замин уфтодани шукуфаи гули камола аст. Ҳамин тавр, то охири солҳои 50 асри 20 ба парвариши гули камола эътибори ҷиддӣ дода намешуд. Ҳоло онро дар Ҷопон ва дигар қитъаҳои олам мепарваранд.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дарахти гули камола то 20 м қад мекашад. Пӯстлохаш хокистарранг ё бӯртоб; баргаш сабзи тира, дандонадор. Гулаш калони сафед, гулобӣ, сурх, сода ё мураккаб; яктоӣ, баъзан 2-4-тоӣ дар нӯги поя ҷойгир аст. Бештари навъҳои гули камола бӯй надоранд. Мевааш ғӯза, як ё чанд тухми калони серравған дорад. Дар олам гули камолаи ҷопонӣ (C. japonica) зиёд маъмул аст. Гули камола дар минтақаҳои иқлимашон субтропикӣ дучор меояд (соҳилҳои баҳри Сиёҳ, ҷануби ИМА ва ғ.). Дар Тоҷикистон ду навъи онро дар гулхонаи Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон мепарваранд. Гули камола ба воситаи тухм, қаламча, пайванд ва фарғуч зиёд карда мешавад. Қаламчаи онро (дарозиаш 6-7 см) дар гулхонаҳо ҳангоми 20-23°С будани ҳарорати хок ва то 15°С будани ҳарорати ҳаво (дар рег ё хоки регомез) мешинонанд. Зимистон дар ҳарорати 5-7°С рустаниро дар гулхонаҳо нигоҳ медоранд.

гули камола дар саноат истифода мешавад. Равғани тухми онро дар саноати хӯрокворӣ, техникӣ, рангубор, собунпазӣ ва чун ашёи хом барои ҳосил кардани кислотаи олеин кор мефармоянд. Аз тухмаш гликозиди камилин ҳосил мекунанд, ки дар тиб барои муолиҷаи бемориҳои эндокардит ва перикардит истифода мешавад. Баргаш то 10 % сапонин дорад. Аз барги тару тозаи гули камола равғани эфир (95%-аш эвгенол) мегиранд.

  • Сааков С. Г. Оранжерейные и комнатные растения и уход за ними. М., 1985;
  • Еленевский А. Г. Ботаника. Систематика высших, или наземных растений. М., 2006. А. Тошев.