Гули садра

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Гули садра
Sacred lotus Nelumbo nucifera.jpg
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Nelumbo nucifera Gaertn., 1788

Гули садра, садра (лот. Nelumbo nucifera) — рустании бисёрсолаи обӣ, мансуби нилуфариҳо.

Гули садра аслан аз Африқои Шимолӣ, аз водии Нил аст. Аз он ҷо онро ба дигар кишварҳо бурдаанд. Иқлими Тоҷикистон барои парвариши гули садра мувофиқ аст. Дар ҳавзи Боғи ботаникии Душанбе онро аз соли 1958 мепарваранд. Асосан дар ҳавзу обанбор ва рудҳои сустҷараён месабзад. Решапояаш ғафс буда, дар зери об ҷойгир аст.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Баргаш сипаршакли калон (бараш 60 см), боло аз об ё дар рӯи он қарор дорад; рангаш сабзи бӯртоб, бо пардаи ғафси муммонанд пӯшида шудааст. Гулаш хушбӯи калон (қутраш то 30 см), гулобӣ ё сафед (16 гулбарг дорад), моҳҳои май — сентябр мешукуфад (рӯз кушода ва шаб ғунча мешавад). Шукуфаи гули садра вобаста ба ҳаракати офтоб мавқеи худро тағйир медиҳад. Қутри баргу пояи як бех гули садра дар рӯи об 3-5 м аст. Самари гули садра ғӯзашакл буда, то 30 адад тухми сахту калон дорад. Тухми гули садра қобилияти сабзиши худро садҳо сол нигоҳ медорад.

Хоситҳои шифоӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Гули садра рустании шифобахш аст. Дар тибби Шарқ барг, гулбарг, тухм ва решаи онро аз замонҳои қадим истифода мебаранд. Гули садра ба таркиби беш аз 200 дору илова карда мешавад. Табибони мардумӣ гули садраро чун давои тақвиятбахши узвҳо, бемориҳои чашм, талхадон, ҷигар, сипурз, ғадуди зери меъда, роҳҳои пешоб, бавосир, исҳоли хунин, шикамдард, вабо, табларза, сӯзок, сифилис, амрози пӯст, табобати газидаи мору каждум, омосҳои гуногун ва ғ. ба кор мебаранд. Қиёми гулбаргҳои гули садра барои нигоҳубини пӯсти рӯй, мӯй, даст ва ғ. муфид аст. Дар баъзе кишварҳои Осиё гули садраро чун сабзавот парварида, бехи онро хом ва пухта истеъмол мекунанд, гулбаргашро ба чой ва дигар нӯшобаҳо илова менамоянд. Аз решапояи хушки гули садра орд («суфин») мекашанд, аз рагҳои барги он пилтаи чароғ тайёр мекунанд. Дар таркиби гули садра моддаҳои фаъоли биологӣ — флавоноидҳо ва алкалоидҳо вуҷуд доранд. Дар таркиби решаи он 70 % оҳар, 2 % аспаргин, дар таркиби баргаш алколоиди заҳрноки нилумбин мавҷуд аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Жизнь растений. Т. 5. М., 1980;
  • Яковлев Г. П. Энциклопедический словарь лекарственных растений. СПб., 1999.
  • Лактионов А. П. Флора Астраханской области. Астрахан, 2009.