Гули ёқут

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гули ёқут
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Gladiolus L. (1753)

Гули ёқут, моргул (лот. Gladíolus) — сардае аз гиёҳони бисёрсола. Мансуби оилаи савсаниҳост.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пояи рости дароз (25-220 см), барги шамшермонанд, хӯшагули зебо, гули қифшакли сафед, зард, норанҷӣ, сурх ё бунафш дорад. Ғӯзааш сертухм. Гули ёқут аслан аз манотиқи гармсери Африқо, Баҳри Миёназамин, Аврупо, Осиё ва Сибири Ғарбӣ аст. Дар ҷаҳон беш аз 5000 навъи гули ёқут мерӯяд. Дар Тоҷикистон як навъи он (G. segetum) месабзад. Дар давраи рушд пиёзаки гули ёқут нобуд шуда, ба ивази он 1-4-то пиёзи калон ва аз 20 то 300 дона пиёзакҳои майда ташаккул меёбанд. Гули ёқути худрӯй (G. italicas) дар навоҳии Ҳисору Дарвоз ва ҷануби Тоҷикистон дар буттазор, доманакӯҳҳо, заминҳои партов ва киштзорҳо мерӯяд. Моҳи май шукуфта, июн тухм мебандад. Гулаш гулобӣ, хӯшагулаш зебо аст. Дар гулпарварӣ асосан гули ёқути боғӣ (G. hubriodushort) истифода мешавад. Онро аз пиёзак ва тухм зиёд мекунанд. Дар Тоҷикистон гули ёқутро моҳи март дар чуқурии 5-8 см мешинонанд. Пиёзаки онро пеш аз сармои зуд (тирамоҳ) ҷамъ карда, дар бинои торик дар ҳарорати 4-5°С ва рутубати 70 % нигоҳ медоранд. Дар замини ҳосилхез, гилхок, чимтол, сиёҳхок ва хокаш хокистарӣ хуб нашвунамо мекунад.

Корбурдҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Замонҳои қадим (300 сол то м.) пиёзаки гули ёқутро кӯфта ба орд ҳамроҳ карда нон мепухтанд. Пиёзаки G. segefum чун доруи хунбанд маъмул буд. Гули ёқут аз касалиҳои скеротиниоз, фузариоз, септориоз, саратон зарар мебинад. Ба он трипс, ширинча ва гамбусакҳои баргхӯри полиз низ осеб мерасонанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Цветоводства в городах и посёлках Таджикистана. Д., 1965;
  • Лисянский Б. Г., Ладыгина Г. Г. Гладиолусы. М., 2002.