Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Гулнисо Абдураззоқзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гулнисо Абдураззоқзода
Абдураззоқзода Гулнисо Тавалди
Таърихи таваллуд 9 январи 1985(1985-01-09) (41 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Лахш, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон
Навъи фаъолият Узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният
Таҳсилот Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (2007)

Гулнисо Абдураззоқзода ( Абдураззоқзода Гулнисо Тавалди зод. 9 январи 1985, ноҳияи Лахш) — омӯзгор, арбоби давлатӣ. Вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII. Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Лахш даъвати ҳафтум, солҳои 2025-2030.[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Солҳои 2007-2007 - Омўзгори фаннҳои география ва экологияи мактаби асосии таҳсилоти умумии №20 ноҳияи Лахш.
  • Солҳои 2009-2009 - Коргузори шуъбаи умумии дастгоҳи раиси ноҳияи Лахш.
  • Солҳои 2009-2010 - Методисти китобхонаи марказии шуъбаи фарҳанги ноҳияи Лахш.
  • Соли 2010 (02-07) - Директори китобхонаи марказии шуъбаи фарҳанги ноҳияи Лахш.
  • Солҳои 2010-2011 - Муовини раиси Ҷамоати деҳоти Ҷиргатоли ноҳияи Лахш.
  • Солҳои 2012-2013 - Мудири китобхонаи мутамарказонидашудаи бахши фарҳангии ноҳияи Лахш.
  • Солҳои 2013-2017 - Омўзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 ноҳияи Лахш.
  • Солҳои 2017-2018 - Мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш.
  • Солҳои 2018-2024 - Омўзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 ноҳияи Лахш.
  • Аз 1 апрели соли 2024 — Мудири муассисаи таҳсилоти томактабии №2 ноҳияи Лахш.
  • Аз 11 апрели соли 2025 — Узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният.[2].
  1. Абдураззоқзода Гулнисо Тавалди(тоҷ.). www.majmilli.tj. 15 июли 2025 санҷида шуд.
  2. Абдураззоқзода Гулнисо Тавалди(тоҷ.). www.majmilli.tj. 15 июли 2025 санҷида шуд.