Гулобии маҳаллӣ
Гулобии маҳаллӣ — навъе аз гелосҳои миёнапаз; селексияи халқист.
Дарахти 15-солааш 7-7,5 м қад мекашад; ғафсии танааш 69 см. Баргаш калон (дарозиаш 8,5 см, бараш 4,9 см), дарозрӯя, рангаш сабзи баланд, сурхча, дандонаҳои майда дорад. Думчааш (дарозиаш 2,5-3 см) ғафси сурхтоб. Гулаш калон, сафеди гулобиранг. Нимаи аввали апрел гул карда, аввали июн ҳосилаш мепазад. Мевааш миёнаҳаҷми гирда (вазнаш 3,5 г, андозааш 1,3 х 1,1 х 0,9 см), рангаш асосан зардча, тобиши гулобӣ дорад; пӯсташ маҳин, гӯшташ хамираки сероб, сершира ва хуштаъм. Донакаш гирдаи майда (0,3 г). Дар таркиби меваи пухта расидааш 9-9,5 % қанд ва 1,3-1,6 г/л ҷавҳар мавҷуд аст. Меваашро тар мехӯранд, мураббо мепазанд ва компот тайёр мекунанд; барои ба ҷойҳои дур кашондан мувофиқ нест. Дарахташ бо роҳи пайванд (ба гелоси худрӯй, олуболу ва олуча) зиёд карда мешавад. Ниҳоли пайвандиаш баъди 3-4 сол, ниҳоли аз донак рустааш баъди 6-7 сол самар меорад. Гулобии маҳаллӣ аз 10 то 25-солагиаш ҳосили фаровон мебандад. Як бех дарахти 15-солааш 35-40 кг ҳосил медиҳад. Барои дар ноҳияҳои вилояти Хатлон, водиҳои Ҳисору Рашт парвариш кардан тавсия шудааст. Ниҳолаш ба сармо ва камобӣ тоб меорад, дар заминҳои лалмӣ низ месабзад. Дарахташ бештар аз касалии доғзании барг зарар мебинад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулобии маҳаллӣ / С. Гулов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Плодоводство Таджикистана. Сталинабад, 1948;
- Розанов Б. С. (ва диг.). Плодоводство Таджикистана. Д., 1970;
- Каталог районированных сортов плодовых культур, винограда по Таджикской ССР. Д., 1984;
- Гулов С. М., Мадаминов В. С., Силвандер В. Г. Мевапарварӣ. Д., 2007.