Гулобии самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Гулобии норанҷӣ)

Гулобии самарқандӣ, гулобии норанҷӣ — навъи харбузаи дерпаз.

Асосан дар вилояти Суғд, водиҳои Вахшу Ҳисор ва Зарафшон, вилоятҳои Самарқанду Бухоро, Хоразм ва Сурхондарёи Ӯзбекистон мепарваранд. Харбузаи байзашакл аст; дарозиаш 26-29 см, вазнаш 4-7 кг. Пӯсташ сахт, зарди сабзтоб, ҷои ба думча наздикаш тӯрдор. Мағзаш сафеди сергӯшт (ғафсиаш 5-6 см), сершира, хуштаъму гуворо; 9,5 % қанд (аз ҷумла 5,9 % сахароза) ва 11,4 % моддаҳои хушк дорад. Тухмпаллааш калон, тухмаш зард, борик; даври нашваш 110—115 рӯз. Аз ҳар га 250—300 сентнер ҳосил медиҳад. Барои ба ҷойҳои дур кашондан ва дер нигоҳ доштан мувофиқ аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Дастури полизкор. Д., 1987.