Гулобии самарқандӣ
Зоҳир
Гулобии самарқандӣ, гулобии норанҷӣ — навъи харбузаи дерпаз.
Асосан дар вилояти Суғд, водиҳои Вахшу Ҳисор ва Зарафшон, вилоятҳои Самарқанду Бухоро, Хоразм ва Сурхондарёи Ӯзбекистон мепарваранд. Харбузаи байзашакл аст; дарозиаш 26-29 см, вазнаш 4-7 кг. Пӯсташ сахт, зарди сабзтоб, ҷои ба думча наздикаш тӯрдор. Мағзаш сафеди сергӯшт (ғафсиаш 5-6 см), сершира, хуштаъму гуворо; 9,5 % қанд (аз ҷумла 5,9 % сахароза) ва 11,4 % моддаҳои хушк дорад. Тухмпаллааш калон, тухмаш зард, борик; даври нашваш 110—115 рӯз. Аз ҳар га 250—300 сентнер ҳосил медиҳад. Барои ба ҷойҳои дур кашондан ва дер нигоҳ доштан мувофиқ аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулобии самарқандӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Дастури полизкор. Д., 1987.