Гулобод (деҳа, н. Дӯстӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Гулобод
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Дӯстӣ
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1966 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3248
Нишонаи почта 735140

Гулобод (собиқ 8-уми Март) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ҷиликӯли ноҳияи Дӯстӣ. Аз Гулобод то маркази ҷамоат аз 1 км камтар, то маркази ноҳия аз 1 км камтар; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1966 нафар (2017), тоҷикон.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1930 ташкил шуда, аксари мардумаш аз ноҳияи Данғара кӯчида ин деҳаро обод кардаанд.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, осиёб, нуқтаҳои савдои хусусӣ, дорухона, устохонаи кафшергарӣ, масҷиди панҷвақта дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ. Заминҳо аз наҳри Яккаюз обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулобод 28 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.

Шахсиятҳои маъруф[вироиш | вироиши манбаъ]

Генерал Саидмурод Қодиров дар ҳамин деҳа таваллуд шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]