Гулобод (деҳа, н. Панҷ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Гулобод
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Панҷ
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 2392 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3552
Нишонаи почта 735140

Гулобод — деҳа дар ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдати ноҳияи Панҷ. Аз Гулобод то маркази ҷамоат 1 км, то маркази ноҳия 10 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2392 нафар (2017), тоҷикон.

Соли 1949 ташкил шуда, мардумаш асосан аз ноҳияҳои Файзобод ва Тавилдара кӯчидаанд.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Бунгоҳи тиббӣ, 3 нуқтаи савдои хусусӣ, 2 масҷиди панҷвақта дорад. Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Туғул таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ, чорводорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз дарёи Панҷ обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулобод 50 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.

Шахсиятҳои маъруф[вироиш | вироиши манбаъ]

Арбоби давлатӣ Болта Нидоев дар ҳамин деҳа таваллуд шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]