Гулобод (деҳа, н. Ваҳдат)
Намуди зоҳирӣ
| Деҳа | |
Гулобод | |
|---|---|
| тоҷикӣ: Байнал | |
| Кишвар |
|
| Вилоят | Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | НТҶ |
| Ноҳия | Ноҳияи Ваҳдат | Ваҳдат |
| Ҷамоат | Деҳоти Бозорбой Бурунов |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 2249 тан |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонон |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Пешшумораи телефон | +992 3136 |
|
|
|
Гулобод (собиқ Байнал) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Бозорбой Бурунови ноҳияи Ваҳдат. Аз Гулобод то маркази шаҳр 4 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2249 нафар (2017), тоҷикон.
Соли 1938 ташкил шудааст.
Иқтсиод
[вироиш | вироиши манбаъ]Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, беморхона, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, хонаи фарҳанг, 2 масҷиди панҷвақта, осиёби хусусӣ, корхонаи хурди коркарди маҳсулоти ширӣ, боғчаи бачагон, неругоҳи хурди барқи обии «Нурофар», обанбори обтаъминкунӣ ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз наҳри «Норбобо» обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулобод маркази дастгирии аҳолӣ — бонки хурди қарздиҳӣ, 40 хоҷагии деҳқонии хурди инфиродӣ ва хоҷагии деҳқонии «Саховат» мавҷуд аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулобод // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2013. — 332 с. — ISBN 978-99947-33-54-5