Гулоб (деҳа, н. Рӯдакӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Гулоб
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Рӯдакӣ
Таърих ва ҷуғрофиё
Номҳои пешина Арпабулоқ
Аҳолӣ
Аҳолӣ 483 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3137

Гулоб (собиқ Арпабулоқ то соли 2008) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ. Аз Гулоб то маркази ҷамоат 8 км, то маркази ноҳия 10 км; роҳ асфалтпӯш.

Аҳолиаш 483 нафар (2017), тоҷикон.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Деҳа бунгоҳи тиббӣ, осиёби хусусӣ, масҷиди панҷвақта, нуқтаҳои савдои хусусӣ ва мактаби таҳсилоти умумии асосӣ дорад. Хонандагон таҳсилро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Бурма, шаҳраки Сомониён ва омӯзишгоҳҳои касбии ноҳияи Ёвон давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо ‒ лалмӣ.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]