Саидалӣ Гулов
Гулов Саидалӣ Маъмурович | |
| |
Таърихи таваллуд | 19 август 1954 (70 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Сариосиё, ҶШС Узбакистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | зистшиносӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои биология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Институти давлатии педагогии Душанбе |
Ҷоизаҳо |
Саидалӣ Гулов (Гулов Саидалӣ Маъмурович; зод. 19 августи 1954, ноҳияи Сариосиё, ҶШС Узбакистон, ИҶШС) — зистшинос, доктори илмҳои биология (1998), профессор (2001), дорандаи Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон (1986), Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф (2014), узви пайвастаи Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ (2014). Аълочии маорифи Тоҷикистон (2003), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2011).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи шуъбаи биология ва химияи факултаи табиатшиносию ҷуғрофияи Институти давлатии педагогии Душанбе (1976). Ходими илмии Институти физиология ва биофизикаи рустании АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1976—1990), муовини декани факултаи боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ, дотсент (1990—1994), мудири кафедраи меваю сабзавот ва токдорӣ (1994-97), декани факултаи агробизнес (1997—2002), ноиби ректор оид ба таълим (2002—2009), профессори кафедраи боғдорӣ (аз 2009) ва ҳамзамон (аз 2012) декани факултаи агробизнеси ДАТ ба номи Шириншо Шоҳтемур.
Пашӯҳишҳои илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар водии Ҳисор дар бораи парвариши рустаниҳои ситрусӣ таҷрибаҳо анҷом дода, роҳу усулҳои нави парвариши онҳоро пешниҳод кард. Натиҷаи пажӯҳишҳои Саидалӣ Гулов дар хоҷагиҳои ситруспарварии ҷумҳурӣ татбиқ гаштааст. Таҳти роҳбарии Саидалӣ Гулов 5 нафар рисолаи номзадӣ ва 1 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя кардаанд. Зиёда аз 170 таълифи илмӣ дорад.
Ҷоизаву унвонҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо ордени «Дӯстӣ» дар соли 2001 қадрдонӣ шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боғдории субтропикӣ. Д., 1998;
- Мевапарварӣ. Д., 2007;
- Меваҳои гармидӯсти Тоҷикистон. Д., 2008;
- Технологияи парвариши хурмои шарқӣ. Д., 2005;
- Технологияи парвариши анор. Д., 2009;
- Бунёд ва нигоҳбини боғҳо дар Тоҷикистон. Д., 2010;
- Асосҳои илмии парвариши рустаниҳои ситрусӣ дар Тоҷикистон. Д.,2010;
- Ситруспарварӣ. Д., 2010;
- Боғпарварӣ. Д., 2015.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулов Саидалӣ Маъмурович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.