Гулрӯд
Намуди зоҳирӣ
(Тағйири масир аз Гулрӯд (деҳа, н. Восеъ))
| Деҳа | |
Гулрӯд | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Хатлон |
| Ноҳия | Восеъ |
| Ҷамоат | Деҳоти Абдӣ Авазов |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Номҳои пешина | Гулисой |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 926 тан (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Шиносаҳои ададӣ | |
| Пешшумораи телефон | +992 3311 |
| Нишонаи почта | 735140 |
Гулрӯд (собиқ Гулисой, то 15.12.2011) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ. Аз Гулрӯд то маркази ҷамоат 75 км, то маркази ноҳия 70 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 926 нафар (2017), тоҷикон.
Гулрӯд мактаби таҳсилоти ибтидоӣ ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, дорухона, маркази саломатӣ, масҷиди панҷвақта ва осиёби барқӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо – лалмӣ. Дар ҳудуди Гулрӯд 12 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулрӯд // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2