Гулсара Абдуллоева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Гулсара Абдуллоева
Абдуллоева Гулсара Сангиновна
Санаи таваллуд:

15 май 1948(1948-05-15) (71 сол)

Зодгоҳ:

ноҳияи Шаҳринав, ҶШС Тоҷикистон

Шаҳрвандӣ:

 Тоҷикистон

Касб:

ҳунарпешаи театр ва синамо

Мукофотҳо:

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1999)

IMDb:

ID 0008309

Гулсара Абдуллоева (Абдуллоева Гулсара Сангиновна; тав. 15 майи 1948, ноҳияи Шаҳринав, ҶШС Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1999).

Зиндагинома[вироиш]

Хатмкардаи Институти давлатии санъати театрии ба номи А В. Луначарскийи Москва (1971). Аз соли 1971 актрисаи Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов. Абдуллоева нақшҳоро содаву самимӣ ва бо маҳорати баланд меофарад.

Саҳнаҳои театрӣ[вироиш]

Дар саҳнаи театр бештар аз 100 рол офаридааст, ки беҳтаринашон инҳоанд:

  • Сайёрахонум («Робиаи Балхӣ»-и А. Атобоев, 1974)
  • Васса Железнова («Васса Железнова»-и М. Горкий, 1976)
  • судя-модар («Арӯс ва домод»-и М. Байҷиев, 1983)
  • Попоян («Ҳамин тавр ҳам мешавад»-и В. Назаров, 1985)
  • Ситорабону («Ибни Сино»-и Ш. Қиёмов) ва ғайра

Офарандаи симои модар[вироиш]

Абдуллоева яке аз беҳтарин офарандагони симои модар дар саҳнаи театр ва кинои тоҷик мебошад. Ӯ симои модаронро хубу табиӣ офарида, меҳру муҳаббати бепоён ва олами маънавии онҳоро бо маҳорати баланд мекушояд. Модароне, ки Абдуллоева симояшонро офаридааст, муборизу фаъоланд, одамонро ба ободонии Ватан, сулҳу ваҳдат ва дӯстию рафоқат даъват менамоянд. Махсусан муроҷиати модар ба оламиён дар иҷрои ӯ самимию таъсирбахш садо медиҳад.

Пйесаҳо[вироиш]

  • «Ҳалокати умед»-и Г. Гейерманс (1971)
  • «Модар»-и К. Чапек (1975)
  • «Суруши Сталинград»-и, Ш. Қиёмов (1982)
  • «Сухани вопасин»-и Н. Ҷалолов (1986)
  • «Гумроҳ»-и М. Хаёлов (1987)

Монологҳо[вироиш]

  • «Муроҷиати модар»-и Ш. Муҳаммадиев
  • «Фиғони модар»-и А. Низомов
  • «Ашкҳои сӯзон»-и Д. Раҳмонов
  • шеъри «Модари амрикоӣ»-и Ғ. Сафарзода ва ғайра.

Нақшҳо дар синамо[вироиш]

Ҳунарпешаи соҳибистеъдоди кинои тоҷик Гулсара Абдуллоева дар филмҳои тоҷикӣ бештар аз 70 нақшҳоро бозидааст:

  • Гулшан («Чор нафар аз Чорсанг», 1972, режисёр М. Қосимова)
  • Ойша («Ҳеҷбудагон …», 1973, режисёр Т. Собиров)
  • Гулбаҳор ва модар («Панҷ нафар дар пайроҳа» ва «Шераки ҷасур», 1975, 1976, режисёр М. Маҳмудов)
  • Хосият («Ҷумъаи ҳафтум», 1979, режисёр Овчаренко)
  • модар («Ӯ хушдори ман аст», 1985, режисёр М. Қосимова)
  • модар (силсилафилми телевизионии «Ширин», 2004)
  • зани директори мактаб («Нишони зиндагӣ», 2006, режисёр С. Қодирӣ)
  • Ҷамила (силсилафилми «Шумқадам»-и З. Содиқ ва Ш. Солеҳ, 2009)
  • Бибиойиша («Падруду пайғом»-и Сайф Раҳим, 2009)
  • модар («Модар-Замин»-и И. Машрабов 2009)
  • модар («Гули санг»-и М. Карим ва Ҳ. Сангинов) ва ғайра.[1]

Гулсара Абдуллоева дар намоишҳои театрии телевизион иштироки фаъол дорад.

Ҷоизаву мукофотҳо[вироиш]

Гулсара Абдуллоева дар Кинофестивали тоҷик (1986) беҳтарин актриса дониста шуд.[1]

Эзоҳ[вироиш]

  1. 1.0 1.1 Энциклопедия кино Таджикистана. — Душанбе: «ЭР-граф», 1992. — С. 47. — 396 с. — ISBN 978-99947-919-4-1.

Сарчашма[вироиш]