Гулсара Бобосодиқова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Гулсара Бобосодиқова
Гулсара Бобоевна Бобосодиқова
Санаи таваллуд:

9 апрели 1940

Зодгоҳ:

Истаравшан

Шаҳрвандӣ:

 Тоҷикистон Тоҷикистон

Бобосодиқова Гулсара (тав. 09. 04. 1940, ш. Истаравшан) — омӯзгор, олим , номзади илми иқтисод (1968), профессор (1992), Муаллими шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991), Аълочии маорифи Тоҷикистон. Мудири фахрии кафедраи менеҷмент ва маркетинги ДМТ (2011).

Зиндагинома[вироиш]

Гулсара Бобосодиқова хатмкардаи ДДТ (1962) ва аспирантураи донишгоҳ (1968) аст. Фаъолияти меҳнатиаш пас аз хатми таҳсил дар ДДТ сар шудааст: солҳои 1962-1968 ассисент, аспирант, муаллими калон ва номзади кафедраи иқтисоди сиёсӣ, 1970-80 мудири кафедраи иқтисоди саноат, 1980-1996 декани факултаи банақшагирию иқтисодӣ ва тиҷорату идора буд ва солҳои 1990-2011 мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинги ДДТ. Дар як вақт роҳбарии ташкилоти ғайридавлатии «Маркази байнисоҳавии рушди маркетингу менеҷмент»-ро ба зимма дорад. Иштироккунандаи конфронсҳои байналхалқӣ дар Ҷопон, Малайзия, Австрия, Русия, Туркманистон ва дигар кишварҳо. Таҳти роҳбарии Бобосодиқова Гулсара 8-нафар рисолаи номзадӣ, зиёда аз 20 нафар (аз он ҷумла шаҳрвандони хориҷӣ) рисолаҳои магистрӣ ҳимоя кардаанд. Дар тарбияву такомули касбии даҳҳо олимони бузурги соҳаи иқтисодиёт саҳми бевосита гузоштааст. Дар доираи барномаи TASIS даҳҳо олимони намоёни кишварро ба хориҷи дурру наздик ҷиҳати такмили ихтисос фиристодааст. Муассиси аввалин кафедраи тахассусии менеҷмент ва маркетинг дар ҷумҳурӣ. Маҳз дар давраи мудирии ӯ аввалин нақшаҳои таълимӣ, барномаҳо ва васоити таълимии фанҳои менеҷмент ва маркетинг тартиб дода шудаанд. Дар кафедра роҳбарии корҳои илмию тадқиқотиро дар мавзӯи «Идоракунии равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ» ба ӯҳда дорад ва якчанд санадҳои татбиқи илм дар амал тартиб дода шудааст. Муаллифи зиёда аз 200 таълифоти илмист.

Мукофот[вироиш]

Бо унвони фахрӣ (Муаллими шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон, нишони «Аълочии мактаби олии СССР» сарфароз шудааст. Бо ордени «Дӯстӣ» мукофотонида шудааст.

Осор[вироиш]

  • Проблемаҳои самаранокии иттиҳодияҳои иктисодӣ дар Тоҷикистон, Ирфон, 1971
  • Менеҷмент, Душанбе: Ирфон, 2000 с.
  • Маркетинг Душанбе: Ирфон 2006
  • Асосҳои идоракунӣ: ҷанбаҳои гендерӣ, Душанбе, Ирфон, ба муаллиф 2011
  • Теоретические основы становления дилерского бизнеса в Республике Таджикистан
  • Проблемаҳои самаранокии иттиҳодияи истеҳсолӣ дар Тоҷикистон, Душанбе: ба муаллиф Ирфон 1981
  • Трудовые коллективы производственных объединений Таджикистана (шариктаълифаш К. Рахимов), Душанбе:Дониш 1989
  • Проблемаҳои иштироки занҳо дар соҳибкории Тоҷикистон (шариктаълиф К. Шамсиев), Душанбе: Ирфон 2006.

Пайвандҳои беруна[вироиш]