Jump to content

Гулчеҳра Носирова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гулчеҳра Носирова
Гулчеҳра Носирова
Таърихи таваллуд 12 феврал 1961(1961-02-12) (63 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Рӯдакӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Гулчеҳра Носирова (тав. 12.02.1961, ноҳияи Рӯдакӣ), муаррих, номзади илмҳои таърих (1989).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1982 факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро бо дипломи аъло хатм кардааст. Солҳои 1982–1983 муаллими кафедраи таърихи ҲКИШ, 1983–1985 муовини озоди котиби Комитети комсомолии донишкадаи номбурда, 1985–1988 аспиранти кафедраи ҲКИШ-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, 1988– 1990 муаллими калони кафедраи таърихи ҲКИШ-и Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Солҳои 1991–2005 дар ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ фаъолият дошт. Муаллифи зиёда аз 15 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ аст. Оид ба фаъолияти Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар тайёр кардани кадрҳои миллию маҳаллӣ дар солҳои 1924–1937 кори илмӣ бурдааст.