Гулшукуфт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гулшукуфт — мавсими гул кардани рустаниҳо; даврае, ки аз кушода шудани ғунчаи аввалин то тамоман аз гул фуромадани рустаниро дар бар мегирад.

Гулшукуфт дар рустаниҳои яксола ҳамон сол, дар рустаниҳои дусола — соли дуввум, дар рустаниҳои бисёрсола ва дарахтон — қариб ҳар сол фаро мерасад. Баъзе дарахтон хеле дер (мас., тӯс баъди 10 сол, булут баъди 50 сол) гул мекунанд. Рустаниҳое низ мавҷуданд, ки гули онҳо дар давоми умрашон ҳамагӣ як бор мешукуфад (рустаниҳои монокарпӣ; мас., ханҷарӣ, ғарав). Рустаниҳоеро, ки ҳар сол гул мекунанд (қариб ҳамаи рустаниҳои бисёрсола), рустаниҳои поликарпӣ ва рустаниҳоеро, ки гули онҳо тамоман кушода намешавад, рустаниҳои клейстогамӣ меноманд. Давомоти гулшукуфт ба ҳарорат, равшанӣ, ҳаво, нуриҳои минералӣ ва ғ. вобаста аст. Истифодаи нуриҳои фосфорӣ ва магнийдор раванди пайдоиши гулро метезонанд. Давраи гулшукуфт дар аксари рустаниҳо ноаён сурат мегирад. Мас., он дар зироати ғалладона ба давраи хӯшабандӣ рост меояд. Рустанӣ дар давраи гулшукуфт гардолуд шуда, баъд аз он гул пажмурда мегардад. Баъзе рустаниҳо аз 20-25 дақ. (кӯзагули амазонӣ) то 70-80 шаборӯз (баъзе саҳлабҳо) гул мекунанд. Гули пахта ва марҷумак субҳ, гули сулӣ аз нисфирӯзӣ то бегоҳ мешукуфад. Дар шароити иқлими Тоҷикистон давраи гулшукуфти дарахтони мева ба тариқи зайл идома меёбад: бодом, зардолу, шафтолу, гелос, олу, олуболу, нок, себ, биҳӣ, чормағз. Шукуфаи баъзе рустаниҳо пӯшида намешавад, вале рустаниҳое низ ҳастанд, ки гули онҳо 10-12 бор кушодаву пӯшида мешавад (мас., гули заъфарон). Гулшукуфт раванди басо мураккаб буда, аз насл ба насл такрор меёбад ва боиси таҷдиди рустанӣ мегардад. Омӯзиши гулшукуфти рустаниҳо барои рӯёндани навъҳои нави зироат ва мева муҳим аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]