Jump to content

Гулҷон Молдаҷонова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гулҷон Молдаҷонова
Таърихи таваллуд 11 июн 1966(1966-06-11)[1][2] (58 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша корофарин

Гулҷон Молдаҷонова (қазоқӣ: Гүлжан Талапқызы Молдажанова, русӣ: Гульжан Талаповна Молдажанова; тав. 11 июни соли 1966, Алмаато) — соҳибкор, мудири иҷроияи ширкати «Базовый элемент»

Мухтасари зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гулҷон Молдаҷонова дар шаҳри Алмаато ба дунё омадааст. Диққати ӯро аз хурдӣ математика ба худ ҷалб мекард. Гулҷон духтарчаи закию тезфаҳм буда, дар вақтҳои кӯдакиаш орзу медошт, ки тамоми ҳаёти худро ба хидмати илм бахшад. Баъди хатми мактаби миёна соли 1983 ба факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Қазоқистон даромад[3] ва бомуваффақият таҳсилашро давом дод. Ба гуфти Алия Аскарова, ки ҳоло декани факултаи мазкур мебошад, Гулҷон ҳам кори ҷамъиятӣ мебурд, ҳам дар дастаи варзишӣ аз номи донишгоҳ иштирок мекард. Ӯ то соли 1989 дар донишгоҳ хонда, соҳиби маълумоти олӣ гардид[4]. Дар зарфи ду сол ба физикаи ҷисми сахт машғул мешуд.

Соли 1991 барои идома додани таҳсил ба шаҳри Маскав омад ва ҳамон сол ба аспирантураи Донишгоҳи давлатии Маскав дохил шуд. Қобил ба ёдоварист, ки шарикдарсаш Олег Дерипаска буд. Соли 1994 рисолаи номзадӣ дифоъ карда, унвони номзади илмҳои физикаву математика гирифт ва дар Донишгоҳи давлатии Маскав ходими илмӣ шуд. Аммо музди меҳнаташ кам буд ва Молдаҷонова маҷбур шуд, ки аз чунин кор барояд. Дар ҳамин давра Олег Дерипаска корхонаи «Алюминпродукт» бунёд кард ва Молдаҷоноваро ба ин корхона даъват намуд. Молдаҷонова қарор дод, ки ба Дерипаска кор карда, аз безарӣ халос шавад. Молдаҷонова ба «Алюминпродукт» омаду аввал ба сифати котиба кор мекард[5]. Лекин хеле зуд ӯро ба вазифаи баландтар гузарониданд. Соли 2004 Молдаҷонова вазифаи мудири иҷроияи ширкати «Базовий Элемент» ба уҳда гирифт. Солҳои 2005—2009 ӯ директори генералии ин ширкат буд. Моҳи майи соли 2009 аз барқарор шудани Ҳукумати Қазоқистон Молдаҷонова узви шӯрои мудирияти ширкати «Самрук-Казина» интихоб гардид.

Гулҷон Молдаҷонова дар байни мӯътабартарин занҳои дунёст. Танҳо зикри он кофист, ки ӯ шомили рӯйхати мувофиқи маҷаллаи «Форбс» (Forbes) шудааст (ҷойи 37)[6]. «The Wall Street Journal» Молдаҷоноваро дар радифи 50 соҳибкорзани муваффақи дунё овардааст[5]. Дар рӯйхати «50 зани соҳибкору тоҷири бонуфузи Русия», ки маҷаллаи «Финанс» дарҷ намуд, Гулҷон Молдаҷонова дар ҷойи ҳафтум аст[6].

  1. Munzinger Personen (нем.)
  2. https://data.qz.com/2014/davosattendees/data/davos14list.json
  3. Железная леди Бойгонӣ шудааст 7 феврали 2016  сол. // Exclusive 06.04.2009
  4. Биография Гульжан Молдажановой. РИА Новости (18 июни 2012). 10 феврали 2016 санҷида шуд.
  5. 5.0 5.1 50 соҳибкорзани муваффақи ҷаҳон. Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (12 ноябри 2008). 10 феврали 2016 санҷида шуд.
  6. 6.0 6.1 Таҳияи А. Сайидвалӣ. Мӯътабартарин занҳои дунё кадоманд? // Ҷумҳурият (рӯзнома)