Гулӯгоҳи Гибралтар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гулӯгоҳи Гибралтар
исп. Estrecho de Gibraltar
англ. the Strait of Gibraltar
Нигора
Номида ба шарафи Гибралтар
Кишвар
Connects with Баҳри Миёназамин ва Уқёнуси Атлантик
Дарозӣ
  • 59 км
Бар 14,3 км
Жарфои амудӣ 1 000 м
 Парвандаҳо дар Викианбор

Гулӯгоҳи Гибралтар (исп. Estrecho de Gibraltar, англ. the Strait of Gibraltar, ар. مضيق جبل طارق‎, лот. Fretum Gaditanum) — гулӯгоҳи байнулмилалӣ байни интиҳои ҷанубии нимҷазираи Пиреней (Аврупо) ва қисми шимолу ғарбии Африқо.

Баҳри Миёназамин ва уқёнуси Атлантикро ба ҳам мепайвандад. Дарозиаш 65 км, бараш 14-44 км, умқаш дар роҳи киштигард 338 м (ҷои амиқтаринаш 1181 м). Ҷараёни қисми болоии об ба шарқ, поиниаш ба ғарб ҳаракат мекунад. Дар соҳилҳои Гибралтар массивҳои сахравии ҷардор ҷойгиранд. Гибралтар аҳаммияти бузурги стратегию иқтисодӣ дорад. Дар минтақаи Гибралтар бандарҳои Сеута, Ла-Линеа, Алхесираси Испания, Танжери Марокаш, қалъаи Британия, пойгоҳи ҳарбии баҳрии Гибралтар (Британия Кабир) ҷойгиранд. Гибралтар таҳти назорати англисҳо мебошад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]