Гул (деҳа, н. Деваштич)
Намуди зоҳирӣ
| Деҳа | |
Гул | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Суғд |
| Ноҳия | Деваштич |
| Ҷамоат | Деҳоти Ғазантарак |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 867 тан (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Пешшумораи телефон | +992 3464 |
Гул — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич. Аз Гул то маркази ҷамоат 5 км, то маркази ноҳия 5 км; роҳ қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 867 нафар (2017), тоҷикон.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, нуқтаҳои хидмати маишӣ, чойхона, 2 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ, чорводорӣ, ғаллакорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз чоҳҳои амудӣ ва қисман аз обанбори Даҳанасой обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гул 10 хоҷагии хурди деҳқонӣ ва хоҷагии деҳқонии «Гули Ғончӣ» мавҷуд аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гул // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2