Гум кардани қобилияти меҳнатӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Гум кардани қобилияти меҳнатӣ - яке аз асосҳои бекор намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо мебошад (м.46 КМ). Дар сурати ҳозир нашудани корманд ба кор дар давоми бештар аз чор моҳи бефосила дар натиҷаи корношоямии муваққатӣ нисбати корманде, ки ба сабаби латхӯрӣ ё бемории касбӣ қобилияти меҳнатиашро гум кардааст, то барқарор намудани қобилияти меҳнатӣ ё муқаррар гардидани маъюбӣ ҷои кор (вазифа) нигоҳ дошта мешавад.[1]

Нигаред[вироиш]

Ҳуқуқэҷодкунӣ

Манбаъ[вироиш]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 129