Гунбади Қобус
Ёдмон | |
Кишвар | |
---|---|
Макон | Устони Гулистон[1][2] |
Сабки меъморӣ | меъмории зиёрӣ[d] |
Баландӣ | 53 м |
Мавод | хишт ва mortar[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Гунбади Қобус (форсӣ: برج گنبد قابوس) — яке аз баландтарин бурҷҳои хиштии ҷаҳон, ки дар шаҳри Гунбади Ковуси устони Гулистони Эрон қарор дорад. Бурҷи қирадор ва якустувонаест, ки дар болои теппаи сунъӣ (баландиаш 15 м.) бо дастури Шамсулмаолӣ Қобус ибни Вушмгир дар Гургон сохта шуда, баландиаш аз сатҳи замин 70 м мебошад. Дар мавриди ҳадафи бунёди Гунбади Қобус дар байни таърихнигорон назарҳои гуногун ҷой дошта, то охирҳои асри 19 ҳамчун мақбараи Қобус шинохта мешуд. Бостоншиносон дар натиҷаи корҳои ҳафриётӣ ва ёфт нашудани боқимондаҳои ҷасад ба хулоса омаданд, ки шояд Гунбади Қобус ҳамчун бинои ёдгорӣ ё роҳнамои корвониён бунёд шуда бошад. Масоҳати дохилии бурҷ 30 м ва қутри дохилиаш 9,6 м аст. Бурҷ дар асоси омезиши унсурҳои меъмории хуросонӣ ва розӣ сохта шуда, ҳеч гуна ороишоти барзиёд надорад. Гунбади Қобус аз се қисм: пойдевор, бадана ва гунбади махрутӣ иборат аст. Пойдевори Гунбади Қобус (баландиаш 15 м) аз хишту гил сохта шуда, сардобае дошт, ки имрӯз танҳо баъзе қисмҳои сақфаш боқӣ мондааст. Баданаи Гунбади Қобус дорои 15 қира (фосилаи байнашон 1м 43 см) буда, аз пойдевор то гунбад тӯл кашидаанд. Дар ин қисмати бурҷ ду катиба бо хатти кӯфӣ ҳаккокӣ шуда, равзанааш (2 м х70см) дар таъмироти ахир хеле танг шудааст. Болои дари даромади Гунбади Қобус муқарнаскорӣ шудааст. Аз таърихи дар катиба сабтшуда маълум мегардад, ки Гунбади Қобус соли 1006 бунёд шудааст. Гунбади бурҷ 18 м баландӣ дорад. Гунбади Қобус се маротиба (1939, 1971, 1972) азнавсозӣ ва таъмир гардид. Гунбади Қобус осори ягонаи меъмории аҳди Зиёриён буда, то имрӯз се км дуртар аз харобаҳои шаҳри Гургони қадима боқӣ монда, ба феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудааст. (2012).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 https://tools.wmflabs.org/heritage/api/api.php?action=search&format=json&srcountry=ir&srlang=fa&srid=86 — 2017.
- ↑ 2.0 2.1 archINFORM (нем.) — 1994.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гунбади Қобус // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Бартольд В. В. Сочинения. М., 1966.
- محمد کریم پیرنیا. سبک شناسی معماری ایرانی. تهران، ۱۳۸۳ش.ر