Гунбазӣ
(Тағйири масир аз Гунбазӣ (деҳа, н. Исфара))
Деҳа | |
---|---|
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Суғд |
Ноҳия | Исфара |
Ҷамоат | Деҳоти Навгилем |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Аҳолӣ | 3190 нафар (2017) |
Ҳайати миллӣ | тоҷикон |
Ҳайати динӣ | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Вақти минтақавӣ | UTC+5 |
Коди телефон | +992 3462 |
Нишонаи почта | 735920 |
Коди мошин | TJ02 |
Гунбазӣ — деҳа дар ҷамоати деҳоти Навгилеми ноҳияи Исфара. Аз Гумбазӣ то маркази ҷамоат 5 км, то маркази ноҳия 4 км, то маркази вилоят 122 км. Аҳолиаш 3190 нафар (2017).
Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]
Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, дорухона, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, 2 сартарошхона, нуқтаҳои савдои хусусӣ, чойхона, масҷиди панҷвақта, 1 осиёби хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Исфара обёрӣ мешаванд. Дар Гунбазӣ кооперативи истеҳсолии «Кишоварзони Гунбазӣ» ва 11 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.
Ёдгориҳои таърихӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Гунбазӣ деҳаи қадимист. Аз ёдгориҳои таърихӣ дар ҳудуди деҳа мақбараи Шайхи Сӯхта, Оромгоҳи Чордара ва Чашмаи Булоқ боқӣ мондаанд. Номи деҳа аз гунбади дар болои мақбара биноёфта гирифта шудааст.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
- Гунбазӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2