Jump to content

Гунҷоиши электрӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гунҷоиши электрӣ — тавсифи ноқил ва қобилияти барқаҳои электриро нигоҳ доштани он.

Дар майдони электростатикӣ ҳамаи нуқтаҳои ноқил дорои ҳамон як потенсиали φ мебошанд. Потенсиали φ (ки дар беинтиҳоӣ аз савияи сифрӣ ҳисоб карда мешавад) ба барқаи q-и ноқил мутаносиб аст (яъне, нисбати q ба φ ба q вобастагӣ надорад). Ин имкон медиҳад, ки мафҳуми гунҷоиши электрии ноқил танҳо (С) истифода гардад, ки ба нисбати барқаи ноқил ва потенсиал баробар аст: С=q/φ. Гунҷоиши электрӣ ҳар қадар ки зиёд бошад, ноқил ҳангоми φ-и додашуда ҳамон қадар миқдори зиёди барқаро захира мекунад. Гунҷоиши электрӣ ба андозаҳои геометрии ноқил, шаклу хосиятҳои электрии муҳит (нуфузпазирии диэлектрии он) вобаста буда, ба масолеҳи ноқил вобастагӣ надорад. Аз мавҷудияти ҷисмҳои дигар дар назди ноқил гунҷоиши электрии он тағйир меёбад, зеро потенсиали ноқил ба майдони электрие, ки дар ҷисмҳои атроф барқаҳои дар натиҷаи индуксияи электростатикӣ пайдошуда ҳосил мекунанд, низ вобастагӣ дорад. Дар Системаи воҳидҳои СГС (сантиметр-грамм-сония) гунҷоиши электриро бо сантиметр, дар Системаи байналмилалии воҳидҳо (СИ) бо фарада чен мекунанд:1ф = 9·1011 см.

Мафҳуми гунҷоиши электрӣ на фақат ба як ноқил, балки ба маҷмӯи ноқилҳо, аз ҷумла ба маҷмӯи ду ноқил, ки бо қабати тунуки диэлектрик (конденсатори электрӣ) пӯшида шудааст, низ тааллуқ дорад. Гунҷоиши электрии конденсатор (гунҷоиши мутақобили рӯяҳои он) С=q(φ1-φ2) аст, ки дар ин ҷо q — барқаи яке аз рӯяҳо (барқаи рӯяи дигар -q) ва φ1-φ2-фарқи байни потенсиалҳои байни рӯяҳо мебошад. Гунҷоиши электрии конденсатор амалан ба мавҷудияти ҷисмҳои атроф вобаста набуда, дар ҳолати хурд будани андозаҳои геометрии конденсатор ба қиматҳои бузург соҳиб мегардад.