Гурбашаклҳо
| Гурбашаклҳо | ||||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| | ||||||||||||
| Табақабандии илмӣ | ||||||||||||
|
Олам: Салтанат: Зерсилсила: Бе ранг: Бе ранг: Тип: Зертип: Инфратип: Забарсинф: Синф: Зерсинф: Инфрасинф: Қатор: Зергурӯҳ: Гурбашаклҳо |
||||||||||||
| Номи илмӣ | ||||||||||||
| ||||||||||||
Гурбамонандҳо (лот. Feliformia) — зерқатори ҳайвонони ширхӯр аз қатори дарандаҳо.
Тавсифоти зоологӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дарозии гурбамонандҳои хурдтарин 34 см ва вазнашон то 1 кг (гурбаи зарди холдор) аст; дарозии гурбашаклҳоҳои калонтарин то 3,8 м ва вазнашон зиёда аз 300 кг (бабр) мешавад. Дарозии думашон 10-114 см. Пои пеши гурбашаклҳо 5, пои ақибашон 4 ангушт дорад. Чанголи гурбашаклҳо, ба ғайр аз юз ва гурбаи суматравӣ, ҳангоми роҳ рафтан ба дарун кашида мешавад. Дандонҳои гурбашаклҳо нисбат ба дандонҳои дарандаҳои дигар кам (28-30 адад) аст, бинобар ин фуки онҳо хурд ва сарашон лунда мебошад. Забони гурбашаклҳоро пистонакҳои хормонанд фаро гирифтаанд, ки барои аз устухон канда гирифтани гӯшт ва лесида тоза кардани бадан ёрӣ мерасонанд. Мӯи гурбашаклҳо кӯтоҳ аст; намудҳои шимолӣ ва баландкӯҳии гурбашаклҳо нисбат ба намудҳои тропикии онҳо сермӯйтаранд. Ранги гурбашаклҳои зард ё тираи рах-рах ва холдор мешавад. Узви биноӣ ва шунавоии онҳо хуб, узви шоммаашон суст тараққӣ кардаТаснифотаст.
Таснифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Зиёда аз 37 намуди гурбамонандҳо, ки ба 3 ҷинс мансубанд, дар ҳама ҷо, ғайр аз ҷануби Мадагаскар, Австралия, Гренландия, Антарктида ва Гвинеяи Нав паҳн гаштаанд. Дар Тоҷикистон 6 намуди гурбамонандҳо аз ҷинси паланг ва гурба дучор меоянд. Гурбашаклҳо бештар шомгоҳон ва шаб фаъол мебошанд. Танҳо ё оила-оила зиндагӣ мекунанд. Гурбашаклҳои хурдҷусса (масалан, гурба) соле то 5-8, гурбашаклҳои калонҷусса дар ду сол 2-4 бача мезоянд, ки онҳоро асосан гурбашаклҳои модина нигоҳубин мекунанд. Гурбашаклҳо то 30 сол умр дида, хояндагони зараррасонро нобуд мекунанд; метавонанд ба соҳаи чорводорӣ зарар расонанд. Бабр, манул ва юз ба «Китоби сурх» дохил карда шудаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Integrated Taxonomic Information System (ингл.) — 2006.
- ↑ Wilson D. E., Reeder D. Class Mammalia Linnaeus, 1758 // Animal Biodiversity: An Outline of Higher-level Classification and Survey of Taxonomic Richness / зери таҳрири Z. Zhang — 2011. — Ҷ. 3148, нашри 1. — С. 56–60. — ISBN 978-1-86977-849-1, 978-1-86977-850-7
- ↑ Mammal Species of the World (ингл.): A Taxonomic and Geographic Reference / D. E. Wilson, D. Reeder — 3 — Baltimore: JHU Press, 2005. — 35, 2142 p. — ISBN 978-0-8018-8221-0
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гурбашаклҳо // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Соколова Е. В. Жизнь животных. М., 1989;
- Йозеф Райхолф, Казанцевой С. Млекопитающие. М., 2001;
- Константинов В. М., Шаталова С. П. Зоология позвоночных. М., 2004.