Jump to content

Гургсорон (Турон)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гургсорон (форсӣ: گرگساران‎), Гургсор — номи шаҳрест дар Турон, гоҳе дар Мозандарон низ гуфта шудааст, ки Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» аз он ёд мекунад.

Афросиёб Бежанро асир гирифта, дар Чоҳи аржанг зиндонӣ кард ва ба сари чоҳ санги вазнинеро, ки гӯё Аквондев ба сӯи бешаи Чин андохта буд, гузошт. Кайхусрав ба Ҷоми гетинамой ба сӯи шаҳри Гургсорон нигарист:

Ба ҳар ҳафт кишвар ҳаме бингарид,
Ки ояд зи Бежан нишоне падид.
Сӯи кишвари Гургсорон расид,
Ба фармони Яздон мар ӯро бидид,
Бад-он гоҳ баста ба банди гарон,
Зи сахтӣ ҳаме марг ҷуст андар он.