Jump to content

Гурда

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гурдаи одам

Гурда — узви ҷуфти одам ва ҳайвоноти муҳрадор, ки дар қисми миён дар назди девораи ақиби шикам аз ду тарафи сутунмуҳра ҷой гирифтааст.

Гурда дар танзими мувозинати обу электролитҳо, кислотаву ишқорҳо ва фишори осмосӣ, ҳамчунин аз организм хориҷ намудани маҳсули мубодилаи нитроген ширкат меварзад. Гурда шакли лӯбиёро дошта, бо қабат (бофта)-и равғанӣ фаро гирифта шудааст. Гурдаро аз берун ғилофаи ҳамвор иҳота кардааст. Сатҳи гурда дар зери ғилофа ҳамвор буда, ранги ҷигарӣ дорад. Дарозиаш 10-12см, паҳниаш 5-6см ва ғафсиаш 3-4см, вазнаш 120—200г мебошад. Гурда аз гӯшаҳои болоӣ ва поёнӣ, канорҳои барҷастаи берунӣ ва фурӯхамидаи дарунӣ, сатҳи пеш ва қафо иборат аст. Дар канори дарунии гурда кома (даромадгоҳ) мавҷуд аст, ки он ба ҷавфи хурд (синус) пайваст мешавад. Дар даромадгоҳи гурда шараён (артерия)-и калон ва варид (вена)-и гурда, рагҳои лимфа, торҳои асаб, инчунин ҷомчаҳо ва ҳавзакҳо ҷой гирифтаанд. Пешоб дар ҷомчаҳо ҷамъ шуда, аз он ҷо ба ҳавзакҳо, сипас ба шошной ва масона мегузарад. Дар мавриди ба дарозӣ буридани гурда ду қабат намудор мешавад: берунӣ (қишр), ки ранги он сиёҳ аст ва дарунӣ (мағз), ки ранги сафед дошта, аз аҳромҳо иборат мебошад. Гурда аз 2-2,5 млн нефронҳои сохторашон ҳамсон таркиб ёфтааст. Дар гурда пешоб ҳосил мешавад.

Нақс (аномалия)-и гурда бештар дар занҳо бидуни ҳеч аломат падид меояд. Бо вуҷуди ин баъзе иллатҳои гурда ба фаъолияти организм таъсир расонда, боиси пайдоиши бемориҳои гуногун мегарданд. Яке аз нақсҳои асосии гурда аплазия (якгурдаӣ) аст. Дар мавриди он одам бо як гурда ба дунё меояд. Гурда дучанда низ мешавад. гурдаи дучанда нисбат ба гурдаи солим дарозтар мебошад. Ҳар қисми чунин гурда ҳавзак, пешоброҳа ва хунгардиши алоҳида дорад. Баъзан гурда дар сандуқи сина ҷой мегирад. Дар амал хусусан гурдаи наълшакл бештар дучор меояд. Гарданаи ин гуна гурда ба шоҳраги шикам фишор оварда, бофтаҳои асаби он боиси пайдоиши дард ва ихтилоли фаъолияти роҳи меъдаву рӯда мешаванд. Дисплазия, мултикистоз, поликистоз ва киста низ аз ҷумлаи нақсҳои маълуми гурда мебошанд. Осеби пӯшидаи гурда бинобар зарб хӯрдани камару зери қабурға ба вуҷуд меояд (мас., ҳангоми аз баландӣ афтодан). Ба осебҳои кушодаи гурда захми тир, корд ва ғ. мансубанд. Аломатҳои асосии осеби гурда дард, варами камар (хуномос), хунпешобӣ, ҳангоми осебҳои кушода аз ҷои захм шоридани пешоб мебошанд. Ба бемориҳои гурда пиелонефрит, нефрит, бемории санги пешоб, гидронефроз, омосҳои саратонию ғайрисаратонӣ ва сил мансубанд. Баъзе бемориҳо бевосита ба ихтилоли фаъолияти гурда вобастагӣ доранд, мас., оксалурия (бо пешоб хориҷ шудани намакҳои кислотаи шилха), уратурия (бо пешоб ихроҷ гаштани уратҳо), фосфатурия (ба тавассути пешоб хориҷ шудани фосфатҳо) ва ғ. Бемориҳои илтиҳобии махсуси гурда сил ва сифилис мебошанд. Дар гурда эхинококкоз низ пайдо мешавад. Аз бемориҳои омосии гурда аденома, фиброма, липома, гемангиома, лейомиома, папилломаи ҳавзакҳо маълуманд. Дар раванди таҳаввулоти муҳрадорҳо се навъи гурда ба мушоҳида расидаанд: пешгурда, гурдаи якумин ва гурдаи дуввумин. Дар давраи ташаккули ҷанини муҳрадорҳои олӣ ва одам ин навъҳои гурда ҳамдигарро иваз мекунанд. Пешгурда дар шакли ҳосилаи тахфифӣ (рудиментӣ) падид меояд. гурдаи якумин муваққатан амал карда, ба маҷрои ихроҷи олати таносул табдил меёбад. гурдаи дуввумин доимист. Нигар низ Узвҳои пешоб.