Гурез Абдураҳмонов
Таърихи таваллуд | 1915 |
---|---|
Зодгоҳ | Ёвон |
Таърихи даргузашт | 2 феврал 1974 |
Маҳалли даргузашт | ноҳияи Куйбишев, вилояти Хатлон |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Гурез Абдураҳмо́нов (1915, Ёвон — 2 феврали 1974, ноҳияи Куйбишев, вилояти Хатлон) — сарояндаи тоҷик, Коркуни хизматнишондодаи маданияти ҶШС Тоҷикистон (1971). Иштирокчии ҶБВ (1941 — 45).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Санъати сарояндагиро худомӯзӣ карда, сипас яке аз пайравони услуби Ҷӯраев Шариф гардидааст. Дар тӯли фаъолияти эҷодиаш узви бисёр дастаҳои ҳаваскорони санъат ва роҳбари клубу хонаҳои маданияти ноҳияҳои Ёвону Куйбишев (ҳоло Абдураҳмони Ҷомӣ) буд. Абдураҳмонов сарояндаи ҳасос ва нозуктабъ буда, ҳар як сурудро бо услуби хос ва самимияти том иҷро мекард.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Сурудҳои ӯ бештар таронаҳои ишқиро дар бар гирифта, меҳри Ватан ва диёри маҳбуб, меҳнату мардонагӣ, ишқу ҷавонӣ ва ғайраро васф мекунанд. Сурудҳои «Гулиҷони ҷон», «Зи ноз бошад» (шеъри халқӣ), «Оҳиста мегӯем мо» (шеъри Мушфиқӣ), «Ҳанӯз» (шеъри Сайидо), «Водии Вахш», «Саҳарноз» (шеърҳои халқӣ) ва ғайра аз беҳтарин офаридаҳои ӯ буда, дар Фонди мусиқии радиои Тоҷикистон маҳфузанд. Абдураҳмонов иштирокчии Фестивали 6-уми умумиҷаҳонии донишҷӯён ва ҷавонон (Москва, 1957) буд.
Ордену медалҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо 2 ордени «Шараф», медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абдураҳмонов Гурез // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.