Jump to content

Гурза

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гурза
Гурза
ЗMacrovipera lebetina obtusa
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Macrovipera lebetina
(Linnaeus, 1758)
Мутародифот
  • Coluber Lebetinus LINNAEUS 1758
  • Vipera lebetina WALL 1908
  • Vipera lebetina SMITH 1943
  • Vipera xanthina (GRAY 1849)
  • Vipera mauritanica (GRAY 1849)
  • Vipera euphratica BOETTGER 1880
  • Vipera euphratica BOULENGER 1887
  • Daboia lebetina ENGELMANN et al 1993
  • Macrovipera lebetina MCDIARMID, CAMPBELL & TOURÉ 1999
  • Vipera lebetina SHARMA 2004

Гурза (лот. Macrovipera lebetina) — як навъ мори заҳрдор.

Дарозии модинааш то 1,3 м, наринааш то 1,7 м; рангаш дорчинии сурхтоб ё хокистарӣ буда, дар пушт холҳои сиёҳ дорад; танаш ғафс, думаш кӯтоҳ, сараш калони секунҷа. Гурза дар Африқои Шимолӣ. ғарби Осиё, Закавказия (ба ғайр аз Абхозистон), Осиёи Марказӣ зиндагӣ мекунад. Дар Тоҷикистон як зернамуди гурза (V. L. turanica) дучор мешавад. Онро қариб дар ҳама ҷо — ҳамвориҳо, кӯҳу доманакӯҳ, даруни ғорҳо, соҳили дарёву найзор (то баландии 2400 м аз с. б.) метавон дучор омад. Баъзан дар боғу киштзор ва харобаҳо низ пайдо мешавад. Гурза ҳангоми таҳдиди хатар зери буттаҳо, кафидагии шах, даруни сангтӯдаву лонаи ҷонварон панаҳ мебарад. Ғизои гурза мушу калламуш ва парандаву тухми онҳост; баъзан харгӯш ва дигар ҳайвонотро низ мехӯрад. Заҳри гурза барои одам марговар аст. Аз он марҳами «Випросал» (Unguentum «Viprosalum») истеҳсол мекунанд, ки давои хеле муфид мебошад (ба пӯст рӯзе 1-2 бор 5-10 граммӣ мемоланд).