Гурзивон
Маҳалли аҳолинишин | |
Кишвар | [[|]] |
---|---|
Таърих ва ҷуғрофиё |
Гурзивон, Курзувон, Қурзумон, Ҷурзувон — яке аз шаҳрҳои асримиёнагии Гузгонон, ки миёни Толиқон ва Марврӯд дар марзи Ғур қарор дошт.
Дар сиккаҳои Сомониён, ки макони зарбзаниашон Гурзивон аст, номи ш. Ҷурзуқон сабт шудааст. Дар асри 10 Гурзивон қароргоҳи тобистонаи сулолаи дастнишондаи Сомониён- Фариғуниён буд ва маҳаллаҳои зиёдеро дар кӯҳистон фаро мегирифт. Ба қавли Ёқути Ҳамавӣ Гурзивон шаҳри обод ва аҳолиаш сарватманд буданд. Гурзивон аз ду ҷониб дар миёни кӯҳистон қарор дошт ва ин ҷиҳат ба Макка монанд буд. Иқлимаш барои боғу токдорӣ мусоид буд. Дар асри 11 Гурзивон дар якманзилии ш. Яҳудия (баъдан Маймана) ва чорманзилии Шопургон қарор дошт. Дар аҳди ҳукмронии Муҳаммад Хоразмшоҳ Гурзивон сиккахонаи худро дошт. Гурзивон дар асри 17 дар шарқ бо Сон, Чаҳоряк, Ғур, Ғарҷистон, дар шимолу шарқ бо Алмор, Қайсар ва Маймана ҳамсарҳад буд. Дар қӯҳистони Гурзивон се чашма: Бибӣ, Пуличироғ ва Хоб, як мавзеи шикор — Нахҷир ва қалъаи Дараи Занг вуҷуд дошт. Аз асри 18 Гурзивон хароб шуда, дар ҷои он баъдан ш. Пуличироғ бунёд ёфт. Ба қавли В. В. Бартолд харобаҳои Гурзивон дар болооби дарёи Оби Маймана қарор дорад. Ба қавли Гурзивон Лестренҷ шояд харобаҳои Гурзивон дар атрофи қалъаи Волӣ қарор дошта бошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гурзивон / С. Ҳусайнов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.