Гурминҷ Завқибеков
Jump to navigation
Jump to search
Гурминҷ Завқибеков | |
---|---|
Гурминҷ Завқибеков | |
Таърихи таваллуд | 1 май 1929 |
Зодгоҳ | ноҳияи Рӯшон |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | |
Пеша | ҳунарпеша, мусиқидон |
Ҷоизаҳо |
Гурминҷ Завқибеков - ҳунарпешаи театр ва Синамои тоҷик, Узви Иттифоқи киноматографистони Тоҷикистон ва СССР (1958). Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1966), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ (1965)[1] Факултаи актёрии Институти театрӣ-бадеии Тошкадро хатм кардааст. Аз соли 1954 ҳунарпешаи Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Аз соли 1957 дар ҷодаи синамо ҳамчун Ҳунарпешаҳои киностудияи “Тоҷикфилм” ҳунарнамоиро сар кардааст.
Саҳм дар синамо[вироиш]
Дар филмҳои
- “Дӯсти ман Наврӯзов”, (1957),
- “Дохунда”, (1956),
- “Вазифаи олӣ”, (1958),
- “Чароғ дар кӯҳсор”, (1958),
- “Қисмати шоир”, (1958),
- “Одам пусташро иваз мекунад”, (1959),
- “Оператсия кобра” (1960)
- “Парчами оҳангар”, (1961),
- “Аланга зери хокистар” (1967),
- “Бо амри дил”, (1968),
- “Достони Рустам”, (1970)
- “Ситора дар тирашаб ” (1972),
- “Субҳи нави ҷавонӣ” (1979) ва ғ. ва диг. нақшҳо офаридааст.
[2].
Адабиёт[вироиш]
- Энциклопедия кино Таджикистана. — Душанбе: «ЭР-граф», 1992. — С. 97. — 396 с. — ISBN 978-99947-919-4-1.
Некдошт[вироиш]
Дар Душанбе аз ӯ Осорхонаи асбобҳои мусиқии ба номи Гурминҷ Завқибеков ҳамчун нишон мондааст. Асосгузори осорхонаи асбобҳои мусиқӣ - Гурминҷ Завқибеков мебошад. Дар назди осорхона ансамбли фолклорӣ амал мекунад, ки роҳбараш фарзандаш аст.[3]
Пайвандҳо[вироиш]
Эзоҳ[вироиш]
Гурӯҳҳо:
- Зодагони 1 май
- Зодагони соли 1929
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Рӯшон
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Ҳунарпешагони халқии ҶШС Тоҷикистон
- ВП: Мақолаҳои бесурат (камтар аз 21 намуди объект)
- Ҳунарпешаҳои Тоҷикистон
- Ҳунарпешаҳои киностудияи “Тоҷикфилм”
- Ҳунармандони Тоҷикистон
- Ҳунарпешаи театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон