Густав Эдмунд фон Грюнебаум
Густав Эдмунд фон Грюнебаум | |
|---|---|
| Таърихи таваллуд | 1 сентябр 1909[1][2] |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 27 феврал 1972[1][2] (62 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Кишвар | |
| Ҷойҳои кор | |
| Алма-матер | |
Гу́став Э́дмунд фон Грюнеба́ум (олмонӣ: Gustav Edmund von Grünebaum; 1 сентябр 1909[1][2], Вена[1] — 27 феврал 1972[1][2], Лос Анҷелес, Калифорния[1]) — шарқшиноси утришӣ ва амрикоӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Донишгоҳҳои Вена ва Берлинро хатм кардааст. Соли 1938 аз Австрия ба ИМА рафт. Ассистенти профессори-и Донишкадаи Осиёи Ню-Йорк (1938-42), профессори арабшиносӣ ва исломшиносии Донишгоҳи Чикаго (1943-56), аз соли 1957 — дар Донишгоҳи Лос-Анҷелес. Муаллифи асарҳои зиёд оид ба таърихи ислом ва масоили иҷтимоиву сиёсии он буда, таърихи ҳаёти фарҳангии мардуми Шарқи мусулмониро ҳамчун таъсири мутақобили анъанаҳои «бузург» ва «хурд», яъне «ормони умумиисломӣ»-и ягона ва фарҳангҳои маҳаллӣ арзёбӣ карда, нодурустии тасаввуротро дар бораи «исломи ягона» ва «тамаддуни исломии ягона» ба исбот мерасонад.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Основные черты арабо-мусульманской культуры. М., 1981;
- Классический ислам. Очерк истории (600—1258). М., 1986 ва ғ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 1.6 1.7 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Brockhaus Enzyklopädie (нем.) — F.A. Brockhaus, 1796.
- ↑ http://texts.cdlib.org/view?docId=hb9t1nb5rm;NAAN=13030&doc.view=frames&chunk.id=div00068&toc.depth=1&toc.id=&brand=oac4
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Грюнебаум Густав Эдмунд / С. Маҳмадуллоҳ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Батунский М. А. О некоторых тенденциях в современном западном исламоведении // Религия и общественная мысль народов Востока. М., 1971.