Гуфтовард

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Гуфтовард (форсӣ: گفتاورد‎), иқтибос (ар. اقتباس‎ — гирифтан, аз худ кардан, истинод) — айнан овардани порчае аз ягон матн.

Барои қувват додан ва тасдиқ кардани фикр ва ақидаи ифодашудава навишта ва гуфтаҳои мӯътабар иқтибос оварда мешавад. Иқтибосро бо мақсадҳои зерин меоранд: ҳамчун ифодаи дақиқи фикри баёншаванда; барои танқиди фикри иқтибосшаванда: барои мисол ҳам чун материали пурқиммат ва оригиналӣ. Иқтибос асосан хоси услуби илмӣ (бештар илмҳои ҷамъиятшиносӣ) ва расмии маъмурист. Иқтибос дар матн аз ду тараф бо нохунак ҷудо карда шуда, бевосита баъд аз худ дар қавсайн ва ё ба воситаи аломате ё рақаме дар поварақ ба сарчашма ҳавола карда мешавад.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.