Давлатбахт Маҷидзода
Маҷидзода Давлатбахт Маҷид | |
|---|---|
| | |
| Таърихи таваллуд | 16 июни 1981 (45 сол) |
| Зодгоҳ | ноҳияи Шӯробод, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон |
| Кишвар |
|
| Фазои илмӣ | иқтисод |
| Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
| Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои иқтисод |
| Унвонҳои илмӣ | дотсент |
| Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2003) |
Давлатбахт Маҷидзода (Набиева Давлатбахт Маҷидовна; зод. 16 июни 1981, ноҳияи Шӯробод, вилояти Кӯлоб) — иқтисодшинос, номзади илмҳои иқтисодӣ (2017), дотсент.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Давлатбахт Маҷидзода 16 июни соли 1981 дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Кӯлоб ба дунё омадааст. Соли 1998 ба факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2003 онҷоро бо ихтисоси «иқтисоди миллӣ» хатм намудааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз соли 2003 то соли 2019 ҳамчун ассистенти кафедраи иқтисоди миллии факултети иқтисод ва идораи ДМТ кору фаъолият намудааст. Солҳои 2017—2019 вазифаи муовини декани шуъбаи ғоибонаи факултети иқтисод ва идораи ДМТ-ро бар зимма дошт.
Аз моҳи марти соли 2019 то моҳи марти соли 2025 дар вазифаи мудири бахши кор бо духтарону занони ДМТ кор кардааст.
19 марти соли 2025 муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин гардид[1].
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 2017 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Танзими консепсияи шуғли пурсамари аҳолии деҳот (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» дифоъ намудааст[2]. Муаллифи беш аз 70 мақолаи илмию оммавӣ ва дастурҳои методӣ мебошад. Дар чандин чорабиниҳои илмию фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, хусусан дар самти тарғиби сиёсати давлат дар соҳаи маориф ва ҷавонон иштирок кардааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон;
- Медали «Барои ҳамкорӣ»-и ВКД ҶТ;
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Муовини ректор оид ба тарбия. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (28 ноябри 2025). 16 июли 2026 санҷида шуд.
- ↑ Набиева Давлатбахт Маджидовна. ГОСУДАРСТВЕННОЕ РЕГУЛИРОВАНИЕ РЫНКА ТРУДА И ЗАНЯТОСТИ СЕЛЬСКОГО НАСЕЛЕНИЯ В УСЛОВИЯХ РЫНОЧНОЙ ЭКОНОМИКИ (на материалах Республики Таджикистан) (2017).