Давлатбек Абдуллоев
Таърихи таваллуд | 1918 |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Рашт |
Таърихи даргузашт | 2008 |
Маҳалли даргузашт | ноҳияи Вахш |
Ҷоизаҳо |
Давлатбек Абдулло́ев (1918, деҳаи Новдонак, Рашт – 2008, ноҳияи Вахш) — пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1949).
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Колхозчии колхози «Роҳи Ленин»-и ноҳияи Октябр (1935 – 42). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1942 – 45), сардори звено ва бригадаи пахтакории колхози «Коммунизм»-и ноҳияи Октябр (1946 – 50). Хатмкардаи (ғоибона) факултети агрономии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1970). Звенои Абдуллоев солҳои 1947 – 48 ҳосили фаровони пахтаи маҳиннах гирифтааст.
Ордену медалҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
Бо орденҳои Ленин, Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи II), «Ситораи Сурх», Шараф (дараҷаи II) ва медалҳои тилову нуқраи НКХХ СССР сарфароз гардидааст.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2021, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.