Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Қудрат Давлатзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Давлатзода, Қудрат Қамбар)
Қудрат Давлатзода
Давлатзода Қудрат Қамбар
Таърихи таваллуд 5 апрел 1972(1972-04-05) (53 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Восеъ, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисод
Ҷойҳои кор Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи химикию технологии Қазоқистон (1995)
Ҷоизаҳо медали Хизмати шоиста (2020)

Қудрат Давлатзода (Давлатзода Қудрат Қамбар; тав. 5 апрели 1972, ноҳияи Восеъ, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — иқтисоддон, олим, доктори илмҳои иқтисод, профессор, арбоби давлатӣ Узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати ҳафтум) оид ба иқтисодиёту коммуникатсия.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қудрат Давлатзода 5 апрели соли 1972 дар ноҳияи Восеъи вилояти Кӯлоб (вилояти Хатлон) дар хонаводаи тоҷик ба дунё омадааст.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

  • Солҳои 1990—1995 — Донишкадаи химикию технологии Қазоқистонро хатм намудааст.
  • Солҳои 1995—1998 — ба ҳайси ассистент дар кафедраи комплекси агросаноатии факултети иқтисод ва идораи ДДМТ кору фаъолият намудааст.
  • Солҳои 1998—2000 — ба ҳайси аспиранти Донишгоҳи давлатии Воронежи Федератсияи Русия ва аз соли 2000 то 2004 ҳамчун ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи КАС-и факултети иқтисод ва идора фаъолияташро идома додааст.
  • Солҳои 2004—2008 — ходими калони илмии ДМТ ва ҳамзамон докторанти Донишгоҳи давлатии Воронежи ФР.
  • Солҳои 2009—2011 — сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Аз соли 2011 то соли 2012 — сардори Раёсати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ҳайси мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон кор кардааст.
  • Солҳои 2012—2013 — муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмиллӣ
  • Аз соли 2013 то 2017 — декани факултети иқтисод ва идораи ДМТ.
  • Аз соли 2017 то январи соли 2018 — ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон.
  • Солҳои 2018—2020 — директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
  • Аз 20 ноябри соли 2020 то ҳоло — Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Давлатзода Қудрат Қамбар дар рушди соҳаи маориф ва илм, инчунин дар таълиму тарбияи кадрҳои илмӣ саҳми босазо дорад. Бо роҳбарии Қудрат Давлатзода 5 нафар аспирант масъалаҳои муҳими иқтисодиро таҳқиқ намуда, соҳиби унвони номзади илм гардидаанд. Ҳамчунин Қудрат Давлатзода муаллифи 4 монография ва зиёда аз 80 мақолаи илмӣ буда, аъзои Шӯрои диссертатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия мебошад[1].

Фаолияти сиёсиву ҷамъиятӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати ҳафтум, солҳои 2025-2030. Аз 11 апрели соли 2025 - Узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия.[2].

  1. Роҳбарият. standard.tj. 14 феврали 2019 санҷида шуд.
  2. Давлатзода Қудрат Қамбар(тоҷ.). www.majmilli.tj. 14 июли 2025 санҷида шуд.