Давлати Пешдодиён
Давлати Пешдодиён (ба форсӣ: دولت پیشدادیان). Таърихи қадимтарини ориёӣҳо дар китоби Авесто, адабиёти зардуштӣ ва сарчашмаҳои асримиёнагӣ аз қабили «Таърихи Табарӣ», «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Форснома»-и Ибни Балхӣ ва ғайра сабт гардидааст. Мутобиқи ин сарчашмаҳо Пешдодиён аввалин ва қадимтарин сулолаи ориёӣ буданд.
Санагузорӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Аз рӯи сарчашмаҳои хаттӣ давраи давлатдории Пешдодиён аз ҳазорсолаи IV то II пеш аз милод гузаштааст.
Шоҳони сулолаи Пешдодиён:
- Каюмарс,
- Ҳушанг,
- Таҳмурас,
- Ҷамшед,
- Заҳҳок,
- Фаридун,
- Манучеҳр,
- Шаҳриромон,
- Афросиёб,
- Зобзу,
- Гаршасп ё Виштосп.
- Мутобиқи ривоятҳо Пешдодиён тахминан 2468 сол ҳукмронӣ кардаанд.[1]
Нахустин шоҳи ин сулола Каюмарс аввалин одам дар ҷаҳон буд. Ӯ умри дароз дида 40 сол ҳукмронӣ кард, шаҳрҳои Дамованд ва Истахрро бунёд намуд. Ӯ шахси воқеӣ набуда, образи ҷамъбастии аввалин одамони рӯи замин мебошад.
Дар давраи Ҷамшед мардум аз конҳо берун овардани мис, қалъагӣ, сурб ва дигар фулузот; аз таги баҳр берун кашидани ҷавоҳирот; тайёр кардани атру дору ва рангҳои табиӣ, сохтани биноҳои бузург ва гармобаҳоро расм мекунанд. Пойтахти Ҷамшед шаҳри Истахр буд. Оини ҷашн гирифтани Наврӯз- ро ӯ ҷорӣ кард ва дар он рӯз ба тахти подшоҳӣ нишаст.
Мутобиқи ривоятҳо Пешдодиён 2468 сол ҳукмронӣ кардаанд.[1]
Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
- Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷ.1. - Душанбе, 1963;
- Брагинский И. С. Из истории персидско-таджикской поэзии. - М., 1956;
- Дьяконов М.М. Очерк истории древнего Ирана. - М., 1961;
- Кузьмина Е.Е. В стране Афрасиаба и Кавата. - М., 1977;
- Ҳамдам Мӯъминҷонов. Тӯрон - гаҳвораи тамаддуни ориёӣ. - Душанбе, 2004;
- С. Одина. Санои афсона. - Душанбе, 2006.
- Жозеф Маркварт. Веҳрӯд ва Аранг… тарҷумаи Довуд Муншизода. – Теҳрон: «Бунёди мавқуфоти дуктур Маҳмуди Афшор», 1368.
- Ҳусайн Шаҳидии Мозандаронӣ. Ҷуғрофиёи «Шоҳнома». – Теҳрон: «Бунёди Нишопур» ва муассисаи ҷуғрофиёии «Саҳоб», 1371.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]
Шоҳномаи Фирдавсӣ |
---|
Қаҳрамонҳо |
Обтин | Ораш | Афросиёб | Исфандиёр | Фаридун | Гударз | Гурдофарид | Ҳушанг | Ҷамшед | Кова | Кай Хусрав | Каюмарс | Манучеҳр | Рахш | Руҳҳом | Рустам | Рустам Фаррухзод | Рудоба | Сом | Шағод | Симурғ | Сиёвуш | Сӯҳроб | Таҳмина | Таҳмурас | Зол | Заҳҳок |
Ҷойҳо |
Эрон | Турон |