Jump to content

Давлати Сурия (1925—1930)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Давлати Сурия (1925—1930)

1 январ 1925 — 1930



Дирафш
Пойтахт Димишқ
Воҳиди пул Lebanese-Syrian pound[d]

Давлати Сурия — як ниҳоди давлатӣ дар мандати Фаронса дар Сурия ва Лубнон аст, ки аз ҷониби мақомоти Фаронса 1 декабри соли 1924 эълон шуда, воқеан 1 январи соли 1925 ташкил шудааст.

Давлати Сурия вориси Федеротсиуни Сурия гардид, ки соли 1922 дар натиҷаи муттаҳидшавии Давлати Димишқ ва Давлати Ҳалаб (аз соли 1923, ки ба он санҷаки Искандаретта низ шомил буд, баъдтар вилояти Ҳатойи Туркия шуд) ташкил ёфт. Давлати алавиҳо, ки дар ҳайати Федеротсиюни Сурия буд, ба ҳайати давлати Сурия дохил нашуд ва аз 1 январи соли 1925 ба воҳиди алоҳидаи маъмурии мандатати - Давлати алавиҳо табдил ёфт. Парчами давлати Сурия нисбат ба он чи ки соли 1922 барои Федеротсиюни Сурия кабул шуда буд, бетаъғир монд. Аввалин президенти давлати Сурия президенти Федеротсиюни Сурия Субҳӣ Баракот ал-Холидӣ буд. Дар соли 1926 маъмуриятро мухтасар Франсуа Пйер-Алип рохбарй мекард, дар солҳои 1926—1928 Аҳмад Номй президент буд ва дар соли 1928 Тоҷуддин ал-Ҳасанӣ ба ин вазифа интихоб шуд.

Дар соли 1925 қаламрави давлати Сурия ба маркази асосии шуриши калоне табдил ёфт, ки дар як сохтори дигари давлатӣ дар доираи мандати Фаронса - давлати Чабал-ад-Друз, ки соли 1927 аз тарафи ҳукуматдорони Фаронса пахш карда шуда буд, оғоз ёфт. Дар соли 1928 дар давлати Сурия ҳизби «Блоки миллӣ» ташкил карда шуд, ки вай дар назди худ мақсади ба даст овардани истиқлолияти комили кишварро гузошта буд. Бо қабули Конститутсия дар 14 майи соли 1930 давлати Сурия ба Ҷумҳурии Сурия табдил дода шуд, ки дар охири соли 1936 ба он давлати Алавӣ (дар соли 1930 ба Санҷаки Латакия табдил ёфт) ва давлати Ҷабал ал- друз ҳамроҳ карда шуд.

Библиография

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]