Jump to content

Давлатманд Хол

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Давлатманд Хол
Давлатманд Холов
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 26 октябр 1950(1950-10-26)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 18 феврал 2024(2024-02-18) (73 сол)
Маҳалли даргузашт
Солҳои фаъолият 1975—2024
Кишвар
Пеша(ҳо) навозанда, сароянда, оҳангсоз
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Давлатманди Хол (Давлатманд Холов; 26 октябр 1950, Доғистон, ноҳияи Шамсиддин Шоҳин18 феврал 2024, Душанбе) — овозхон, фалаксаро ва оҳангсози суннатии тоҷик. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1988), Ҳунарпешаи халқии Узбекистон (2018)[1], барандаи Ҷоизаи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2012)[2].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Давлатманди Хол 26 октябри соли 1950 дар деҳаи Доғистони ноҳияи Шӯрообод дар хонаводаи кишоварз ва аҳли фарҳанг ба дунё омадааст. Соли 1958 таҳсилро аз мактаби деҳа оғоз намуда, соли 1963 дар мактаб-интернати ба номи А. Деҳотии шаҳри Кӯлоб ва соли 1964 дар интернати давлатии «Коммунизм»-и деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Москва идома медиҳад.

Соли 1978 шуъбаи мусиқӣ ва суруди Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистонро хатм менамояд.

Давлатманди Хол соҳиби нуҳ фарзанд аст[3] ва аксарият, аз ҷумла Лоиқ Холов ҳунари падарро пайравӣ мекунанд.

Солҳои 1968—1973 дар шуъбаи маданияти шаҳри Кӯлоб кор кардааст. Соли 1978 дар Театри драмаи мусиқии Кӯлоб ба кор даромад. 20 июли соли 1989 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Кӯлоб, таҳти сарварии Давлатманди Хол ансамбли давлатии «Фалак» таъсис шуд. Аз соли 2004 бо таъсис ёфтани ансамбли давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ба ҳайси роҳбари бадеии он кор кардааст[4]. Давлатманди Хол ҳамзамон то охири умр омӯзгори Консерваторияи миллии Тоҷикистон буд.

Давлатманди Хол аз овони наврасӣ бо хондани сурудҳои мардумӣ шӯҳрат пайдо кард. Нахустин оҳанги худро Давлатманд Холов дар соли 1963 дар синни 13-солагӣ ва дар сугвории падараш хондааст. Ӯ навохтани бисёре аз созҳои мусиқӣ ва муҳаббат ба ашъори Мавлоно Румиро аз падараш мерос гирифтааст[3].

Давлатманди Хол яке аз тарғибгарони бузурги санъати касбии кӯҳистони тоҷик маҳсуб мешавад. Ӯ дар тӯли фаъолияти эҷодии хеш ӯ қариб ба 100 мамолики ҷаҳон беш аз 150 сафари ҳунарӣ намудааст. Сурудаҳои ӯ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои форсизабон низ шунаванда доранд.

Сурудҳову такмилҳо[5]
  • 1974 — «Дӯстони санъат», шеъри М.Аминзода.
  • 1976 — «Девона шав», шеъри Румӣ.
  • 1978 — «Ба деҳқон», шеъри Меҳмон Бахтӣ.
  • 1978 — «Ба муқобили ду чашмам», шеър ва оҳанги халқӣ.
  • 1978 — «Зери навои валс», шеъри Сафармуҳаммад Аюбӣ.
  • 1978 — «Файзи деҳқон», шеъри Ҳақназар Ғоиб.
  • 1978 — «Резаборон», шеъри Ҳақназар Ғоиб.
  • 1978 — «Оҳиста-оҳиста», ғазали Соиби Табрезӣ.
  • 1978 — «Дур машав», ғазали Румӣ.
  • 1979 — «Наргиси ҷоду», ғазали Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ.
  • 1979 — «Шукри ин даврон», шеъри Хосият Вализода.
  • 1979 — «Куртаи ту ранг-ранг», шеъри М.Ғоиб.
  • 1979 — «Дилам месӯзад», шеъри Лоиқ Шералӣ.
  • 1980 — «Қасидаи модар», шеъри Лоиқ Шералӣ.
  • 1980 — «Соқиё», ғазали Румӣ.
  • 1981 — «Гул кардаанд», шеъри Гулрухсор Сафиева.
  • 1981 — «Гирифта», шеъри Муҳаммад Ғоиб.
  • 1982 — «Дилам мунаввар», шеър ва оҳанги халқӣ.
  • 1982 — «Дилам мунаввар», шеъри Мирзо Қодирӣ.
  • 1982 — «Кӯлоб хуш аст», шеър ва оҳанги халқӣ.
  • 1983 — «Афсӯс», шеъри халқӣ.
  • 1983 — «Парво макун», шеъри Лоиқ Шералӣ.
  • 1984 — «Мерақсию мерақсӣ», шеъри Муҳаммад Ғоиб.
  • 1984 — «Ману дарё», шеъри Лоиқ Шералӣ.
  • 1984 — «Танҳо манам», шеъри Лоиқ Шералӣ.
  • 1985 — «Ба раққоса», шеъри Лоиқ Шералӣ.
  • 1986 — «Шаҳри Кӯлоб», шеър ва оҳанги халқӣ.
  • 1987 — «Ҳалқаи дом аст», шеъри Бедил.
  • 1987 — «Омадаӣ», ғазали Ҳофиз.
  • 1988 — «Маро ёд кунед», шеъри Лоиқ Шералӣ.
  • 1989 — «Гап надорам», шеъри Муҳаммад Ғоиб.
  • 1989 — «Кӣ мебарад», шеъри Соиби Табрезӣ.
  • 1992 — «Худоё, худоё», ғазали Румӣ.
  • 1992 — «Эй дил», ғазали Румӣ.
  • 1993 — «Бӯи ҷӯи Мӯлиён», ғазали Рӯдакӣ.
  • 1993 — «Шоҳнома», шеъри Гулрухсор Сафиева
  • 1994 — «Ситораҳо», шеъри Лоиқ Шералӣ.
  • 1996 — «Зиндаам», шеъри Алимуҳаммад Муродӣ.
  • 1996 — «Обу тоби дӯстӣ» шеър ва оҳанги халқӣ.
  • 1997 — «Чӣ шуд», ғазали Ҳофизи Шерозӣ.
  • 1997 — «Моро ёд кард», шеъри Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ.
  • 1997 — «Дидамат», ғазали Румӣ.
  • 1998 — «Дарёи нур», шеъри шоири Эрон Аббоси Саҷодӣ.
  • 1998 — «Хандида биё», шеъри халқӣ.
  • 1998 — «Тоҷикистон», шеъри М. Бобобекова.
  • 1998 — «Нашнидӣ ё шунид», шеъри Ҳофизи Шерозӣ.
  • 1999 — «Ваҳдат», шеъри Давлат Сафар.
  • 1999 — «Аз хоки баланди Тоҷикистон», шеъри халқӣ.
  • 1999 — «Гӯшвори қафасӣ», шеъри Саиди Кӯлобӣ.
  • 1999 — «Қади раъно», ғазали Ҳилолӣ.
  • 2000 — «Ба рақс о», шеъри Румӣ.
  • 2000 — «Фалак», шеъри халқӣ.
  • 2000 — «Тоҷикистони ман аст», шеъри халқӣ.
  • 2001 — «Дар чаман», ғазали Муллоёри Ванҷӣ.
  • 2001 — «Ба ҷон омад», шеъри Бадриддин Ҳилолӣ.
  • 2002 — «Бишнав аз най», шеъри Румӣ.
  • 2003 — «Ранҷидаӣ», шеъри халқӣ.
  • 2003 — «Мастони нав расиданд», ғазали Румӣ.
  • 2004 — «Миллати тоҷик», шеъри Маъруфшо Мазҳабшоев
  • 2004 — «Навбаҳор», ғазали Ҳофизи Шерозӣ.
  • 2004 — «Туӣ, туӣ гулзори ман», шеъри Румӣ
  • 2006 — «Майи лаъл», шеъри Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ.
  • 2006 — «Эй қавми ба ҳаҷ рафта», ғазали Румӣ.
  • 2009 — «Бевафоист», шеъри шоири Эрон Аббоси Саҷодӣ.
  • 2009 — «Сафар ба сӯи фатҳу зафар», шеъри Хиробон Қурбонова.
  • 2010 — «Чиҳо мешуд», ғазали Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ.
  • 2010 — «Фотиҳаи Фалак», ғазали Румӣ.
  • 2010 — «Бадахшон», шеъри Ширин Бунёд.

Давлатманди Хол шаби 18 феврали 2024 дар 74-солагӣ бар асари бемории саратони ҷигар дар беморхонаи «Шифобахш»-и шаҳри Душанбе даргузашт[6][7][8]. Ӯро дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супурданд[9].

Ордену ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Ҳунарпешаи хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1983)[10];
  • Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1988);
  • Ҳунарпешаи халқии Узбекистон (2018)[1];
  • Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2012)[2];
  • Ордени «Шараф» дараҷаи I;
  • Ордени «Дӯстӣ»;
  • Ордени дараҷаи олии сарояндагӣ ва навозандагӣ (Фаронса).
  1. 1.0 1.1 О награждении ряда Государственных и общественных деятелей, представителей культуры, науки и здравоохранения Республики Таджикистан(рус.). GOV.UZ. 19 феврали 2024 санҷида шуд.
  2. 2.0 2.1 Холов Давлатманд // Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 650. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.
  3. 3.0 3.1 Рао/Ро. Давлатманди Хол, фалаксарои маъруф 70-сола шуд. ВИДЕО(тоҷ.), Радиои Озодӣ (26 октябри 2020). Проверено 19 феврали 2024.
  4. Мусои Бобоҳоҷӣ. Саидқул Билолов ва Давлатманд Холов аз вазифа барканор шуданд. asiaplustj.info. ASIA-Plus (21 феврали 2020). 19 феврали 2024 санҷида шуд.
  5. Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. — Д., 2011, — С. 225—229
  6. دولتمند خال، آوازخوان و نوازنده سرشناس تاجیکستان درگذشت(форсӣ). BBC News فارسی (18 феврали 2024). 19 феврали 2024 санҷида шуд.
  7. Мензума Фируз. В Душанбе скончался Народный артист Таджикистана Давлатманд Холов. asiaplustj.info. ASIA-Plus (19 феврали 2024). 19 феврали 2024 санҷида шуд.
  8. Умер советский певец Давлатманд Холов(рус.). Российская газета (19 феврали 2024). 19 феврали 2024 санҷида шуд.
  9. Маросими видоъ ва дафни Давлатманди Хол дар Душанбе. Рао/Ро (19 феврали 2024).
  10. Холов Давлатманд // Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. — Д.: СИЭМТ, 2004. — С. 312. — 524 с. — ISBN 5-89870-5.