Jump to content

Давлатхоҷа Довудӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Давлатхоҷа Довудӣ
Давлатхоҷа Довутов
Таърихи таваллуд 11 ноябр 1950(1950-11-11)
Зодгоҳ деҳаи Равнов, ноҳияи Дарвоз, ВАКБ, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 26 август 2022(2022-08-26) (71 сол)
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих, бостоншиносӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Алма-матер Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1972)
Институти шарқшиносии АИ ИҶШС (1979)

Давлатхоҷа Довудӣ (Давлатхоҷа Довутов; 11 ноябри 1950, деҳаи Равнов, ноҳияи Дарвоз, ВАКБ — 26 августи 2022, Тоҷикистон) — бостоншинос ва сиккашиноси тоҷик, доктори илми таърих (2007), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факултаи таърихи Университети давлатии Тоҷикистон (1972). Лаборанти калони Институти таърих, бос­тоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Ааҳмад Дониши АИ Ҷумҳурии Тоҷикис­тон (1972—1974), коромӯз ва аспиранти Шуъбаи ленинградии Институти шарқшиносии АИ ИҶШС (1974—1979), ходими илмӣ, ходими пешбари илмӣ ва сарходими илмии Институти таърих, бостонши­но­сӣ ва мардумшиносии ба но­ми Аҳмад Дониши АИ Ҷумҳу­рии Тоҷикистон (1979—2011), сар­дори шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллии Тоҷикистон (аз 2011).

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи 14 рисола ва беш аз 200 мақолаи илмӣ-оммавӣ. Дасто­вард­ҳои илмии Давлатхоҷа Довудӣ дар бахши сикка­ши­носӣ: таҳқиқи дафинаи сик­каҳои мисии темурӣ (1967 адад), дафинаи дирҳамҳои Чағониён (3082 дона), 97 дафинаи сиккаҳои қадим ва асримиёнагии То­ҷикистон, сиккаҳои мисии сомонӣ дар Хатлон, дирҳами нодири Қа­рохони Узгандӣ, сиккаи мисии темурии Бадахшон, тангаи мири Бадахшон Увайс ва ғайра.

Давлатхоҷа Довудӣ дар ковишҳои бос­тоншиносии 18 ёдгорӣ, аз қабили Вашгирд, Кӯлоб, Пан­ҷакенти Қадим, қалъаҳои Кум, Гарданаи Ҳисор, Ҳи­сорак, Ҳулбук, Ҳалқаҷар, Золи Зар, Хонақоҳ, Чимқӯрғон ва ғайра ширкат кардааст. Солҳои 2012—2015 дар ҳайати гурӯҳи байналмилалии бостоншиносон ба ҳаф­риёти ёдгориҳои Миси Айнаки вилояти Лугари Аф­ғонистон машғул буд.

Бо роҳбарии Давлатхоҷа Довудӣ 1 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Дар симпозиумҳои байналмилалии сиккашиносон, аз ҷумла дар Алмаато, Мас­кав, Маш­ҳад ва Димишқ ширкат ва суханронӣ кардааст. Боби «Тиҷорату муомилоти пулӣ дар ибтидои асрҳои миёна ва давраи Сомониён» дар китоби «Таърихи халқи тоҷик» (2000) ва ҳашт боби «Таърихи халқи тоҷик» (барои мак­таб­ҳои олӣ, 2003) ба қалами Давлатхоҷа Довудӣ мансуб аст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Худжандский клад (15 – начало 16 вв.). Д., 1998;
  • Вашгирд – ёдгори бостон. Д., 2005 (ҳаммуаллиф);
  • Денежное обращение древнего и средневекового Хатлона (V в. до н.э. – начало XX в. н.э.). Д., 2006;
  • Из истории Шайбанидов. Д., 2006; История Куляба с древнейших времен до наших дней. Д., 2006 (ҳаммуалиф.);
  • Кӯлоб шаҳри қа­диму шуҳратманд. Д., 2006 (ҳаммуаллиф);
  • Клад чаганианских дир­хе­мов XI в. из Хисара. Д., 2007;
  • Монетные клады Таджикистана. Д., 2009;
  • Вашгирд – шаҳри ҳунармандон, тоҷирон ва орифон. Д., 2009 (ҳаммуаллиф);
  • Клад кушанских монет из Вахшской долины. Д., 2010 (ҳаммуаллиф.);
  • Клады средневековых монет. Д., 2011 (ҳам­муаллиф);
  • Монетные находки на городищах Санджаршах и Муба­ракшах. Д., 2012 (ҳаммуаллиф);
  • Древние и средневековые монеты Дангары. Д., 2014;
  • Сиккаҳои Ҳисори Шодмон. Д., 2015.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ; Зери таҳрири Сайфидин Назарзода. — Душанбе, 2016. — 720 с.