Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода
Намуди зоҳирӣ
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода | |
|---|---|
| Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ | |
| Таърихи таваллуд | 10 январи 1961 (65 сол) |
| Зодгоҳ | ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
| Шаҳрвандӣ |
|
| Навъи фаъолият | Вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Таҳсилот | Донишкадаи муҳандисони обёрӣ ва механикунонии хоҷагии деҳоти Тошканд (с.1987) ва Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия (с.2007) |
| Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон | |
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода (Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ тав. 10 январ и соли 1961 , ҶШС Тоҷикистон) — арбоби давлатии тоҷик, вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]- Солҳои 1978-1980 - Корманди совхози Ленини ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Солҳои 1980-1982 - Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС.
- Солҳои 1982-1987 - Донишҷӯи Донишкадаи муҳандисони обёрӣ ва механикунонии хоҷагии деҳоти шаҳри Тошканд.
- Солҳои 1987-1989 - Сармуҳандис-заминсози ноҳияи Комсомолободи ҶШС Тоҷикистон.
- Солҳои 1989-1993 - Раиси Кумитаи ҳифзи табиати ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Солҳои 1993-1995 - Раиси Кумитаи ҳифзи табиати вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Солҳои 1995-2000 - Муовини вазири ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Солҳои 2000-2001 - Раиси Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Солҳои 2001-2006 - Раиси Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Солҳои 2006-2008 - Директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Солҳои 2008-2010 - Муовини раиси вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Солҳои 2010-2013- Раиси шаҳри Турсунзода, ҳамзамон Вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум.
- Солҳои 2013-2019 - Раиси вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон Вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум.
- Солҳои 2019-2020 - Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Солҳои 2020-2021- Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Аз 2 августи соли 2021 — Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ(тоҷ.). www.mfa.tj. 15 феврали 2025 санҷида шуд.