Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Давлат Назрӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Давлат Назрӣ

Давлати Назрӣ (Назриев Давлат Абдуллоевич; зод. 15.07.1964, Душанбе) — овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1996), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2025)[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1985 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро ба охир расонда, дар иттиҳодияи «Тоҷикконсерт», ансамбли созию овозии «Суғдиён» фаъолият доштааст. Аз соли 1993 ба сифати мутриб дар ансамбли давлатии рақсии «Лола» ҳунар озмудааст. Солҳои охир роҳбари дастаи ҳунарии «Чорзарб»-и Бунёди байналмилалии «Акашариф» мебошад.

Сурудҳои «Ба ман оред», «Парӣ-парӣ», «Дилбарам», «Сабзак лаби ҷӯ», «Кабки дарӣ», «Шаби маҳтоб», «Аҷаб, аҷаб нози ту», «Гул зи рухат чаман-чаман», «Азизаки ман» ва ғайраҳо шунавандагонро ба шӯр меоранд. Мутриби хуб ҳам аст, хоса табли ҳиндиро моҳирона истифода мебарад.

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.