Давраи инкубатсионӣ

Давраи инкубатсионӣ — яке аз давраҳо, марҳалаи аввалияи бемории сироятӣ (аз ҷумла паразитарӣ), фосилаи вақт аз лаҳзаи сироятёбӣ то пайдо шудани симптомҳои беморӣ мебошад[1].
Баъзан мафҳуми «давраи латентӣ» ҳамчун синоними истилоҳи «давраи инкубатсионӣ» истифода мешавад[2]. Давраи латентӣ-и бемории сироятиро набояд бо сирояти латентӣ (пинҳонӣ) омехта кард[3][4].
Давомнокии давраи инкубатсионӣ барои ҳар як беморӣ хос аст ва метавонад аз чанд соат то чанд сол фарқ кунад. Давомнокии давраи инкубатсионӣ ҳангоми бемории мушаххас аз миқдори бактерияҳо ё вирусҳое, ки ба организм ворид шудаанд ва аз ҳолати худи организми сироятёфта вобаста аст[1]. Дар бемориҳое, ки дар эпидемиология ва дар диагностикаи инфектология аҳамият доранд, инҳо ҷудо карда мешаванд: давраи инкубатсионии максималӣ, давраи инкубатсионии минималӣ, давраи инкубатсионии миёна ва давраи инкубатсионии маъмултарин.
Дар давоми ин давра зараре, ки бактерияҳо ё вирусҳо ба организм мерасонанд, аз сабаби миқдори ками онҳо ва зарурати вақти кофӣ барои шинохтан ва таҳияи ҷавоби системаи масуният ноаён аст. Аммо тадриҷан шумораи патогенҳо меафзояд ва системаи масуният ба онҳо вокуниши мувофиқ нишон медиҳад, он гоҳ беморӣ зоҳир мегардад. Чун қоида, дар давоми давраи инкубатсионӣ шахси бемор барои атрофиён сирояткунанда нест, аммо дар баъзе бемориҳо (масалан нағзаки мурғон) ҷудошавии микроорганизмҳо чанд рӯз пеш аз пайдо шудани зуҳуроти берунии беморӣ оғоз меёбад. Бештари вақт ин дар сироятҳое, ки механизми интиқоли аэрозолӣ (ҳангоми нафаскашӣ) ё фекалӣ-оралӣ (бо ихроҷ) доранд, ба амал меояд. Баъзан, дар давоми давраи инкубатсионӣ, аз организми аз берун ҳанӯз солим (вале аллакай дар асл сироятёфта) худи ангезандаро ҷудо кардан мумкин аст.
Инчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 Санин Б. И. Инкубационный период // Большая российская энциклопедия
- ↑ Латентный период. Большая российская энциклопедия.
- ↑ Латентная инфекция. Большая медицинская энциклопедия.
- ↑ Скрытая инфекция. Ветеринарный энциклопедический словарь. Советская энциклопедия (1981).
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Рубцов И. В., Плотников Н. Н. Инкубационный период // Большая медицинская энциклопедия, 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия. — Т. 9.
- Покровский В. И., Рубцов И. В., Войно-Ясенецкий М. В., Ганнушкин М. С., Горленко М. В., Рождественский В. М. Инфекционные болезни // Большая медицинская энциклопедия, 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия. — Т. 9.